Ҳайкали сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар боғи ба номи ӯ ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
5 May 2017

 Дар бораи баргузор намудани тендер

 

Бо мақсади пешгирӣ намудани шусташавии соҳилу сусткунандаҳои об, сохтмону барқарорсозии иншооти соҳил-мустаҳкамкунӣ, эмин нигоҳ доштани соҳилҳои дарёи Душанбе ва таъмини амнияти сокинони маҳалҳои аҳолинишин, мутобиқи модаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаҳои 12-14 ва 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ»

 

ҚАРОР    МЕКУНАМ:

          

1. Комиссияи тендерӣ тибқи протоколи замимагардидаи ҷаласаи Воҳиди хариди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз 25 апрели соли 2017, №41 таъсис дода, дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и шаҳри Душанбе ҷиҳати интихоби ташкилоти лоиҳакаш барои таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ-харҷномавии сохтмону барқарорсозии иншоотҳои зерин мутобиқи талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ҳуҷҷатҳои заруриро барои баргузор намудани тендер омода намуда, эълон, баргузорӣ ва ҷамъбасти онро тариқи иштироки номаҳдуди довталабон ба роҳ монад:

- барқарорсозии иншооти соҳили рости дарёи Душанбе, рӯ ба рӯи маркази савдои «Ёвар»;

- соҳилмустаҳкамкунии қисмати чапи дарёи Душанбе, баъди кӯпруки автомобилгузари хиёбони Саъди Шерозӣ то кӯпруки пиёдагард;

- сохтмони иншооти сусткунандаи суръати об, пеш аз кӯпруки автомобилгарди кӯчаи Абай;

- барқарорсозии соҳили чапи дарё байни иншоотҳои сусткунандаи суръати обии №№6 ва 7;

- барқарорсозии қисмати поёни сусткунандаи суръати оби №14»;

- барқарорсозии садди тарафи чапи соҳил, рӯ ба рӯи маҳаллаи Машъал;

- барқарорсозии садд ва соҳилмустаҳкамкунии дарёи Кофарниҳон дар маҳаллаи Машъал.

2.   Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 15 декабри соли 2016, №367 «Дар бораи баргузор намудани тендер» ҷиҳати интихоби ташкилоти лоиҳакаш бекор карда шавад.

3.   Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

4.   Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М.М. гузошта шавад.

 

 

                                                                              Рустами Эмомалӣ