Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
5 Май 2017

  Дар бораи баргузор намудани тендер

 

Бо мақсади интихоби лоиҳакаши иншооти «Васеъкунӣ ва азнавсозии навбати якуми хати обгузари шаҳри Душанбе», бо инобати протоколи Воҳиди хариди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз 25 апрели соли 2017, №40, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 14 ва 23 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 12-14 ва 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ»

 

ҚАРОР    МЕКУНАМ:

1.  Комиссияи тендерӣ тибқи Протоколи ҷаласаи Воҳиди хариди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз 25 апрели соли 2017, №40 тасдиқ карда шавад.

2.  Комиссияи тендерӣ дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и шаҳри Душанбе, ҳамчун фармоишгар, ҷиҳати интихоби ташкилоти лоиҳакаш оид ба таҳия намудани ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ-харҷномавии иншооти «Васеъкунӣ ва азнавсозии навбати якуми хати обгузари шаҳри Душанбе» иншооти зикршуда ҳуҷҷатҳои заруриро барои гузаронидани тендер омода намуда, мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда эълон, баргузорӣ ва ҷамъбасти онро бо иштироки номаҳдуди довталабон таъмин намояд.   

3.  Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 13 октябри соли 2016, №266 «Дар бораи баргузор намудани тендер оиди интихоби лоиҳакаши иншооти «Васеъкунӣ ва азнавсозии навбати якуми хати обгузари шаҳри Душанбе» бекор карда шавад.

4.   Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

5.   Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М.М. гузошта шавад.

 


                                                                              Рустами Эмомалӣ