«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
11 Май 2017

 Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист

          

Бо мақсади иҷрои Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар давраи то соли 2020, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2015, № 178 тасдиқ шудааст, инчунин дар сатҳи баланд таҷлил намудани 45-умин солгарди Рӯзи байналмилалии муҳити зист, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»  

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

1.  Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист тасдиқ карда шавад.

2.   Бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист 5 июни соли 2017, соати 1800 дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони «Душанбешаҳр маскани зебогӣ ва озодагист» баргузор карда шавад.

3.  Муовинони Раиси шаҳри  Душанбе Раҳимзода Т.К., Муинӣ М.М., раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Самӣ Ш.Ҳ. барои дар сатҳи баланди фарҳангӣ доир намудани чорабинии зикргардида тадбирҳои амалӣ андешанд.

4.  Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳри Душанбе, тандурустӣ ва Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии ёрии таъҷилӣ ва бехатарии зидди сӯхтор ҳангоми баргузории чорабинӣ тадбирҳои дахлдор андешанд.

5.      Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳакимзода А.У.), Муассисаи давлатии «Телевизиони Душанбе» (Рауфзода С.Х.), Муассисаи давлатии рӯзномаи «Паёми Душанбе» (Ҳусайнов Ш.Н.) инъикоси қарор ва рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба таври васеъ ба роҳ монад.

6.      Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе  Раҳимзода Т. К. гузошта шавад.

 

 

 

 Рустами Эмомалӣ