Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
12 Май 2017

 Дар бораи баргузор намудани мусобиқаҳои варзишии «Веломарафон» ва «Дави миллӣ» бахшида ба «Соли ҷавонон» дар шаҳри Душанбе

 

Бо мақсади иҷрои бандҳои 14 ва 21 Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вобаста ба «Соли ҷавонон» эълон гардидани соли 2017, таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу тарғиби ҳаёти солим, дар сатҳи баланди касбиву ташкилӣ баргузор намудани мусобиқаҳои варзишии «Веломарафон» ва «Дави миллӣ», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» ва моддаи 44 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ»

                                                                                              

Қ А Р О Р  М Е К У Н А М:

1. Мусобиқаҳои варзишии «Веломарафон» 20 майи соли 2017, аз соати 800 то 1100 ва «Дави миллӣ» 21 майи соли 2017, аз соати 800 то 1100 тибқи замимаҳои 1 ва 2 гузаронида шаванд.

2. Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баҳри омодагӣ ва баргузор намудани мусобиқаҳои варзишии «Веломарафон» ва «Дави миллӣ» дар шаҳри Душанбе тибқи замимаи 3 тасдиқ карда шавад.

3. Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаҳои варзишии «Веломарафон» ва «Дави миллӣ» дар шаҳри Душанбе чораҳои зарурӣ андешанд.

4. Аз роҳбарони сохторҳои марбутаи мақомоти давлатӣ, донишгоҳу донишкадаҳои пойтахт, муассисаҳои таълимӣ, корхонаю ташкилотҳои шаҳри Душанбе хоҳиш карда шавад, ки ширкати фаъолонаи иштирокчиёнро дар чорабиниҳои варзишии зикргардида таъмин намоянд.

5. Раёсати фарҳанг (Назаров О.) ва Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе (Юнусов Н.И.) барои таъмини асбобҳои пахши садо ва омодасозии макони оғозу анҷом, инчунин ҳаллу фасли масъалаҳои тарғиботии мусобиқаҳои зикргардида тадбирҳои мушаххас андешанд.

6. Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Қунғуротзода Ф.Қ.), Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Салимов А.М.), тандурустӣ (Шарифзода Х.С.), Хадамоти давлатии оташнишонӣ (Назарзода И.Ҳ.), ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии ёрии таъҷилӣ, риояи Маромномаи сокини пойтахт ҳангоми баргузории чорабиниҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.

7. Сохторҳои алоқаманди дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор гардидани чорабиниҳои мазкур мусоидат намоянд.

8. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳакимзода А.У.), муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» (Рауфзода С.Х.) ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» (Ҳусейнов Ш.Н.) инъикоси васеи қарори мазкур ва ҷараёни баргузории чорабиниҳоро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.

9. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М.М. ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.М. ва Саидзода Қ.Т. гузошта шавад.

 

 

 

Рустами Эмомалӣ