Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
12 Май 2017

 Дар бораи муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокии қубури қутраш 325 мм, воқеъ дар кӯчаи А. Деҳлавӣ

 

Муроҷиати Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз 5 майи соли 2017, №1/246-ро баррасӣ намуда, бо мақсади татбиқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 9 августи соли 2016,221-1 «Дар бораи ғолиби тендер» оид ба «Азнавсозии кӯчаи А. Деҳлавӣ (аз хиёбони Рӯдакӣ то буриши кӯчаи академик А. Адҳамов)», ҷиҳати пайваст намудани қубури қутраш 425 мм ба қубурҳои амалкунанда, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

                                                                                              

ҚАРОР  МЕКУНАМ:

 

1. Нақшаи замимагардидаи чорабиниҳои мувофиқашудаи Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати муваққатан аз соати 800 рӯзи 17 то соати 800 рӯзи 18 майи соли 2017 қатъ намудани интиқоли оби нӯшокии қубури қутраш 325 мм, воқеъ дар кӯчаи А. Деҳлавӣ тасдиқ карда шавад.

2. Ба инобат гирифта шавад, ки дар ҷараёни пайваст намудани қубурҳои амалкунанда, воқеъ дар кӯчаи А. Деҳлавӣ, интиқоли оби нӯшокӣ ба қисматҳои алоҳидаи маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳияи Шоҳмансур, хиёбони Рӯдакӣ (аз майдони 800 - солагии Москва то меҳмонхонаи «Душанбе»), кӯчаҳои Н. Муҳаммад, А. Адҳамов, Лоҳутӣ, А. Деҳлавӣ ва маҳаллаҳои Чехов қатъ мегардад.

3. Аз об истифодабарандагони хиёбону кӯчаю маҳаллаҳои зикргардида хоҳиш карда мешавад, ки миқдори лозимаи оби нӯшокиро барои як шабонарӯз захира намоянд.

4. Раиси ноҳияи Шоҳмансур Ҳакимзода Н. ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» Убайдов М. Д. дар давраи иҷрои корҳои нақшавӣ бо истифода аз мошинҳои обкаш сокинони маҳаллаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

5. Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе сифати оби нӯшокиро мутобиқи талаботҳои санитарию эпидемиологӣ таҳти назорат қарор диҳад.

6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М. М. гузошта шавад.

 

 

                                                                     Рустами Эмомалӣ