Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
12 Май 2017

 Дар бораи муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокии қубури қутраш 425 мм, воқеъ дар кӯчаи С. Носиров

 

Муроҷиати Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз майи соли 2017, №1/240-ро баррасӣ намуда, бо мақсади татбиқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 27 октябри соли 2016,282-3 «Дар бораи ғолиби тендер» оид ба «Азнавсозии роҳи автомобилгарди кӯчаи С. Носиров (аз буриши хиёбони Рӯдакӣ то хиёбони Ҳ. Шерозӣ)», ҷиҳати пайваст намудани қубури қутраш 425 мм ба қубурҳои амалкунанда, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

                                                                                          

ҚАРОР  МЕКУНАМ:

 

1. Нақшаи замимагардидаи чорабиниҳои мувофиқашудаи Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати муваққатан аз соати 800 рӯзи 19 то соати 800 рӯзи 20 майи соли 2017 қатъ намудани интиқоли оби нӯшокии қубури қутраш 425 мм, воқеъ дар кӯчаи С. Носиров тасдиқ карда шавад.

2. Ба инобат гирифта шавад, ки дар ҷараёни пайваст намудани қубурҳои амалкунанда, воқеъ дар кӯчаи С. Носиров, интиқоли оби нӯшокӣ ба қисматҳои алоҳидаи маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаҳои С. Носиров, М. Турсунзода, Ҳ. Маҳмудов, М. Қурбонов, Ш. Шоҳтемур, Бохтар, Қ. Раҳимов, Ш. Руставелӣ, Ф. Ниёзӣ, Л. Шералӣ, гузаргоҳи якум ва дуюми кӯчаи М. Холов, Ф. Шаҳобов, Л. Толстой, М. Миршакар, Аҳрорӣ, Б. Раҳимзода, Ойгул, А.Камандир, Шевченко, Шероз, Бухоро, Теҳрон ва хиёбони Исмоили Сомонӣ қатъ мегардад.

3. Аз об истифодабарандагони хиёбону кӯчаҳои зикргардида хоҳиш карда мешавад, ки миқдори лозимаи оби нӯшокиро барои як шабонарӯз захира намоянд.

4. Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Самӣ Шариф ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» Убайдов М. Д. дар давраи иҷрои корҳои нақшавӣ бо истифода аз мошинҳои обкаш сокинони маҳаллаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

5. Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе сифати оби нӯшокиро мутобиқи талаботҳои санитарию эпидемиологӣ таҳти назорат қарор диҳад.

6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М. М. гузошта шавад.

 

 

                                                                    Рустами Эмомалӣ