Маркази барқу гармидиҳии -2 Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
12 Май 2017

Дар бораи муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокии қубури қутраш 325 мм, воқеъ дар гузаргоҳи якуми кӯчаи М. Турсунзода

 

Муроҷиати Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз 26 апрели соли 2017, №1/218-ро баррасӣ намуда, бо мақсади татбиқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 9 августи соли 2016,221-2 «Дар бораи ғолиби тендер» оид ба «Азнавсозии гузаргоҳи якуми кӯчаи М. Турсунзода (аз майдони 800 - солагии Москва то кӯчаи Пӯлодӣ) ва кӯчаи Пӯлодӣ (аз кӯчаи М. Турсунзода то кӯчаи Бухоро)», ҷиҳати пайваст намудани қубури қутраш 325 мм ба қубурҳои амалкунанда, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

ҚАРОР  МЕКУНАМ:

 

1. Нақшаи замимагардидаи чорабиниҳои мувофиқашудаи Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати муваққатан аз соати 800 рӯзи 17 то соати 800 рӯзи 18 майи соли 2017 қатъ намудани интиқоли оби нӯшокии қубури қутраш 325 мм, воқеъ дар гузаргоҳи якуми кӯчаи М. Турсунзода тасдиқ карда шавад.            

2. Ба инобат гирифта шавад, ки дар ҷараёни пайваст намудани қубурҳои амалкунанда, воқеъ дар гузаргоҳи якуми кӯчаи М. Турсунзода, интиқоли оби нӯшокӣ ба қисматҳои алоҳидаи маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаҳои Пӯлодӣ, Истаравшан, Ҳусейнзода, Нарзиқулов, Академикҳо Раҷабовҳо, С. Айнӣ, Беҳзод, Н. Муҳаммад, академик А. Адҳамов, гузаргоҳи якуми кӯчаи М. Турсунзода ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаҳои М. Турсунзода, Шоҳтемур, Пушкин, Теҳрон, Ш. Руставелӣ ва Бохтар қатъ мегардад.

3. Аз об истифодабарандагони кӯчаҳои зикргардида хоҳиш карда мешавад, ки миқдори лозимаи оби нӯшокиро барои як шабонарӯз захира намоянд.

4. Раисони ноҳияҳои Шоҳмансур Ҳакимзода Н., Исмоили Сомонӣ Самӣ Шариф ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» Убайдов М. Д. дар давраи иҷрои корҳои нақшавӣ бо истифода аз мошинҳои обкаш сокинони кӯчаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

5. Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе сифати оби нӯшокиро мутобиқи талаботҳои санитарию эпидемиологӣ таҳти назорат қарор диҳад.

6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М. М. гузошта шавад.

 

 

                                                                     Рустами Эмомалӣ