Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
21 December 2010

21 декабри соли 2010 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Махмадсаид Убайдуллоев лоиҳаи тасҳеҳи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуд, ки дар ин амалкард роҳбарияти Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пажўҳишгоҳҳои лоиҳакашии фаъоли кишвар, масъулини  ҶСШК «Гипрогор»-и шаҳри Москва ва намояндагон воситаҳои ахбори омма  ширкат варзиданд.

Бояд хотиррасон намуд, ки дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе №256 аз 15 майи соли 2009 «Дар бораи ҷамъбасти тендери кушод оиди тасҳеҳи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе байни шахсони ватанию хориҷӣ» ҶСШК «Гипрогор»-и шаҳри Москва бо дарёфти ѓолибият дар озмун пудратчии тасҳеҳи Нақшаи генералӣ интихоб гардида, барои иҷрои корҳо ба маблаѓи 415 ҳазор $ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе қарордод ба имзо расонид.

Мувофиқ ба талаботи қарордоди мавҷуда ҶСШК «Гипрогор»-и шаҳри Москва лоиҳаи тасҳеҳи Нақшаи генералии шаҳри Душанберо хамчун пойтахти ҷумҳурии мустақил бо нуфузи то як млн. аҳолӣ таҳия намуда, ба баррасии фармоишгар - Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе пешниҳод намуд.

Зимни муҳокимаи лоиҳаи пешниҳодгардида аз ҷониби Маҳмадсаид Убайдуллоев дастур гашт, ки тибқи тартиби ҷорӣ он ба баррасии васеи сокинони шаҳр гузошта шавад.

Бо ин мақсад шаҳрвандон имкон доранд лоиҳаи мазкурро тавассути сомонаи интернетии  шаҳрдорӣ www.dushanbe.tj  ё худ дар Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шахри Душанбе, воқеъ дар кўчаи Н. Қарабоев 48 шинос гардида, таклифу пешниҳододи худро дар китоби қайди Сарраёсат сабт намоянд.