Маркази барқу гармидиҳии -2 Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
12 Май 2017
Дар бораи муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокии қубури қутраш 325 мм, воқеъ дар хиёбони Ҷ. Расулов

 

Муроҷиати Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯ прукҳои шаҳри Душанбе»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз 5 майи соли 2017, №1/244-ро баррасӣ намуда, бо мақсади татбиқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 4 марти соли 2015,135 «Дар бораи ғолиби тендер» оид ба «Азнавсозии хиёбони Ҷ. Расулов (аз хиёбони Б. Ғафуров то кӯ чаи Р. Набиев)», ҷиҳати пайваст намудани қубури қутраш 325 мм ба қубурҳои амалкунанда, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

ҚАРОР  МЕКУНАМ:                

 

1. Нақшаи замимагардидаи чорабиниҳои мувофиқашудаи Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯ прукҳои шаҳри Душанбе»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати муваққатан аз соати 800 рӯзи 15 то соати 800 рӯзи 16 майи соли 2017 қатъ намудани интиқоли оби нӯ шокии қубури қутраш 325 мм, воқеъ дар хиёбони Ҷ. Расулов тасдиқ карда шавад.

2. Ба инобат гирифта шавад, ки дар ҷараёни пайваст намудани қубурҳои амалкунанда, воқеъ дар хиёбони Ҷ. Расулов, интиқоли оби нӯшокӣ ба қисматҳои алоҳидаи маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳияи Сино, хиёбонҳои Ҷ. Расулов, С. Шерозӣ, кӯчаҳои Маяковский, Шерализода, Абдулобеков, шаҳракҳои 15, 15а ва 32 қатъ мегардад.

3. Аз об истифодабарандагони хиёбону кӯчаю шаҳракҳои зикргардида хоҳиш карда мешавад, ки миқдори лозимаи оби нӯ шокиро барои як шабонарӯ з захира намоянд.

4. Раиси ноҳияи Сино Салимзода Нусратулло ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» Убайдов М. Д. дар давраи иҷрои корҳои нақшавӣ бо истифода аз мошинҳои обкаш сокинони маҳаллаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

5. Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе сифати оби нӯшокиро мутобиқи талаботҳои санитарию эпидемиологӣ таҳти назорат қарор диҳад.

6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М. М. гузошта шавад.

 

 

                                                                     Рустами Эмомалӣ