Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
19 Май 2017

      

Дар бораи тадбирҳои ғанигардонии бозори истеъмолии шаҳри Душанбе бо маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи шарифи Рамазон

 

Бо мақсади ғанигардонии бозори истеъмолӣ дар моҳи шарифи Рамазон ва ба ин васила роҳ надодан ба болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар бозорҳои шаҳри Душанбе, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»                                                                                         

Қ А Р О Р   М Е К У Н А М:

1. Корхонаҳои воҳиди давлатии «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе», «Бозори Деҳқон», «Бозори Шоҳмансур» ва «Бозори Саховат» дар моҳи шарифи Рамазон барои сохторҳои марбутаи Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот», соҳибкорону тоҷирон, ки маҳсулоти ниёзи аввалия ва кишоварзиро дар бозорҳои номбурда ба фурӯш мебароранд, шароит фароҳам оварда, онҳоро аз пардохти маблағҳои яквақта озод намоянд.

2. Раёсати рушди иқтисод ва савдо (Бобоҷонзода Б.Б.) якҷоя бо роҳбарони бозорҳои коммуналӣ ва дигар сохторҳои дахлдори соҳа вазифадор карда шавад, ки дар моҳи шарифи Рамазон ярмарка ва фурӯши маҳсулоти гӯштӣ аз ҳисоби соҳибкорон ва хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ (Рӯдакӣ, Турсунзода ва Ҳисор) воридгардидаро дар назди бозорҳои шаҳр бо нуқтаҳои алоҳидаи савдо тибқи замимаи №1 таъмин намоянд. 

3. Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва Раёсати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот» дар рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар ҷойҳои зерин ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатиро ташкил намоянд:

- таваққуфгоҳи назди КВД «Бозори Меҳргон» барои хоҷагиҳои кишоварзӣ ва корхонаю ташкилоти вилояти Суғд, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот»;

- майдончаи назди бозори «Қарияи боло»-и КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» барои хоҷагиҳои кишоварзӣ ва корхонаю ташкилоти шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Шаҳринав, Ҳисор, Рӯдакӣ, Ваҳдат, Файзобод, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот»;      

- кӯчаи Ҳусейнзода, 36 (назди Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) барои хоҷагиҳои кишоварзӣ ва корхонаю ташкилоти шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот»;   

- қисмати ҷанубии Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии Дӯстии халқҳо» барои хоҷагиҳои кишоварзӣ ва корхонаю ташкилоти вилояти Хатлон, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот».

4. Аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот» хоҳиш карда шавад, ки иштироки фаъолонаи хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ ва сохторҳои тобеи худро дар ярмаркаҳо таъмин намоянд.

5. Бо мақсади таъмини рақобати солим ва коҳиш додани нархи маҳсулот маъмурияти бозорҳои коммуналӣ таҳти масъулияти шахсии директорони бозорҳо, бевосита бо истифода аз маблағҳои молиявии худӣ, ҳамарӯза дар моҳи шарифи Рамазон мустақиман харид, ворид, захира ва фурӯши маҳсулоти аввалияро тибқи замимаи №2 ва аз роҳбарони бозорҳои хусусӣ хоҳиш карда шавад, ки дар давоми моҳи шарифи Рамазон бевосита захираи ҳамарӯзаи маҳсулотро тибқи замимаи №3 ба роҳ монанд.

6. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Қунғуротзода Ф.Қ.), Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе (Назарзода И.Ҳ.), Раёсати назорати давлатии байтории шаҳри Душанбе (Давлатшозода Б.) ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе (Амирзода А.А.) тартиботи ҷамъиятӣ, чораҳои зиддисухторӣ, назорати санитарию эпидемиологӣ, байторӣ ва сифати маҳсулоти воридшударо дар бозорҳои истеъмолии шаҳр ва ярмаркаи фурӯши маҳсулот дар доираи салоҳияти худ таъмин намоянд.

7. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳакимзода А.) ҷараёни иҷрои қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма инъикос намояд.

8. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Назирмадзода Б. вогузор карда шавад.

 

 Рустами Эмомалӣ