Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
23 May 2017

   

Дар бораи эълони озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ оид ба таҳияи  нақшаҳои ангоравии иморатсозии хиёбони Борбад, кӯчаҳои Н.Қарабоев ва Соҳилии шаҳри Душанбе

          Бо мақсади  вусъат бахшидан ба фаъолияти шаҳрсозӣ тибқи талабот ва татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе, мутобиқ ба талаботи моддаи 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хариди мол, кор ва хизматрасонӣ", моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 14 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                             

                                          ҚАРОР  МЕКУНАМ:

         1. Озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанӣ барои таҳияи  нақшаҳои ангоравии иморатсозӣ бо инобати гулгашту фаввораҳо, роҳравҳо ва рангу ороиши биноҳои бисёрошёнаи мавҷудаи кӯчаҳои Н.Қарабоев аз бурриши хиёбони С.Шерозӣ то буриши кӯчаи Даврии ҷанубӣ, Соҳилӣ аз буриши хиёбони С.Шерозӣ то кӯчаи Даврии ҷанубӣ, хиёбони Борбад аз буриши хиёбони С.Шерозӣ (роҳи лоиҳавии пайвастшавии хиёбони А.Сино бо хиёбони Борбад) то буриши кӯчаи Ханжин П.С. шаҳри Душанбе аз 22 майи соли 2017 то 10 июли  соли 2017  бо ҷамъбасти он на дертар аз 15 июли соли 2017 эълон ва шартҳои замимагардидаи озмуни мазкур тасдиқ карда шавад.

         2. Комиссияи озмунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳайати замимагардида таъсис ва ҳамзамон вазифадор карда шавад, ки баргузорӣ ва ҷамъбасти озмуни кушодро дар муҳлати зикргардида тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонад.

          3. Аз Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи меъморони Тоҷикистон хоҳиш карда шавад, ки ҷиҳати ҷалби беҳтарин лоиҳакашони ватанию хориҷӣ мусоидат намоянд.

         4. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намояд.

    5. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе  баъд аз муайян гардидани ғолибони озмун тибқи замимаи №2 қарори мазкур ҷиҳати пардохти мукофотпулӣ ба Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод манзур намояд.

          6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душаебе гузошта шавад.

                                                                                                                                                                                                                 Рустами Эмомалӣ

 

 

  

 

 

 

Замима  №2

           Ба қарори Раиси шаҳри Душабе   

                                                        аз «22» майи  соли 2017, №271

 

Шартҳои

озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии  ватанӣ доир  ба таҳияи лоиҳаи ангоравии тасҳеҳи нақшаи иморатсозии кӯчаҳои Н.Қарабоев аз бурриши хиёбони С.Шерозӣ то буриши кӯчаи Даврии ҷанубӣ, Соҳилӣ аз буриши кӯчаи Н.Ганҷавӣ то кӯчаи Даврии ҷанубӣ, хиёбони Борбад аз буриши хиёбони С.Шерозӣ (пайвастшавии роҳи лоиҳавии хиёбони А.Сино то кӯчаи Шестопалов, хиёбони Борбад) то буриши кӯчаи  Ханжин П.С.

 

                                            1.    Мақсади озмун

       Мақсади озмуни кушод – дарёфт ва интихоби беҳтарин лоиҳакаши лоиҳаи ангоравии тасҳеҳи нақшаи иморатсозии кӯчаҳои Н.Қарабоев аз бурриши хиёбони С.Шерозӣ то буриши кӯчаи Даврии ҷанубӣ, Соҳилӣ аз буриши кӯчаи Н.Ганҷавӣ то кӯчаи Даврии ҷанубӣ, хиёбони Борбад аз буриши хиёбони С.Шерозӣ (пайвастшавии роҳи лоиҳавии хиёбони А.Сино то кӯчаи Шестопалов, хиёбони Борбад) то буриши кӯчаи  Ханжин П.С.

    2. Лоиҳаи пешниҳодшаванда бояд фарогири чунин талаботҳо бошад:

а) нақшаи тарҳрезӣ дар миқёси 1:1000;

-консепсияи кӯчаҳои Н.Қарабоев ва Борбад, дар миқёси 1:1000;

б) нақшаҳои шаклҳои хурди меъморӣ, амсилаҳо дар миқёси 1:20 ва 1:50;

в) намои биноҳо дар акси 3D, дар миқёси 1:500;

г) намои биноҳо бо рангу ороишии биноҳои мавҷудаи нигоҳдошташаванда, дар кушоиш (развертка), дар миқёси 1:1000;

д) нишондоди техникӣ – иқтисодӣ;

е) дар нақшаи кулл ва тарҳрезии кӯчаҳои Соҳилӣ, Борбад ва Н.Қарабоев роҳравҳо барои велосипедронҳо пешбинӣ карда шаванд.

                                           3. Шакли озмун

            Озмун озод буда, дар як давр гузаронида мешавад.

   4. Номгӯйи ҳуҷҷатҳои лозима барои пешниҳодот

а) мактуби ёддошт на зиёда аз 4 саҳифа (дар 2 нусха) бо зикри масоили асосии меъморӣ, сохтмонӣ ва техникии иншоот;

б) маводи графикӣ ва мактуби ёддоштӣ дар сатҳи озод таҳия ва пешниҳод гардад;

в) шиор дар болои кунҷи чапи мактуб бо калима навишта шавад (баландии навиштаҷот 10 мм);

г) дар мактуби сарпӯшида бояд маълумот дар бораи муаллифон бошад:

    -ном, насаб, номи падар ё номи корхона (ташкилот)

    -суроға ва телефон

д) агар лоиҳа аз ҷониби як гурӯҳ таҳия шуда бошад, дар он сурат иловатан бо шиор бояд варақи алоҳида бо имзои муаллифон бошад;

е) дар мавриди таҳияи ҳуҷҷатҳои озмун аз графикаи компютерӣ истифода намудан мумкин аст;

ж) лоиҳаҳое, ки ба озмун бо вайрон кардани шартҳои мазкур пешниҳод мегарданд, баррасӣ карда намешаванд.

    5. Довталаб ҳукуқ дорад, ки аз муроҷиати пешинаи худ дар озмуни кушод тариқи муроҷиат даст кашад. Санаи даст кашидан санаи бақайдгирии муроҷиат ба ҳисоб меравад.

5. Вазифаҳои  комиссияи озмунӣ

Комиссия фаъолияти худро дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе ва шартҳои мазкур ба амал мебарорад.

Вазифаҳои асосии комиссия аз инҳо иборатанд;

     -баргузории озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ барои муайян намудани ғолиби озмун барои беҳтарин консепсия ва лоиҳаҳои ангоравии тасҳеҳи нақшаи иморатсозии кӯчаҳои Н.Қарабоев аз бурриши хиёбони С.Шерозӣ то буриши кӯчаи Даврии ҷанубӣ, Соҳилӣ аз буриши кӯчаи Н.Ганҷавӣ то кӯчаи Даврии ҷанубӣ, хиёбони Борбад аз буриши хиёбони С.Шерозӣ (пайвастшавии роҳи лоиҳавии хиёбони А.Сино то кӯчаи Шестопалов, хиёбони Борбад) то буриши кӯчаи  Ханжин П.С.;

-баррасӣ намудани матлаби пешниҳодгардида ва таклифҳои довталабон;

-ҳуҷҷатгузории пешниҳодгардидаро баҳогузорӣ намуда, оид ба интихоби ғолибони озмун қарори дахлдор қабул намуда, барои тасдиқ тибқи тартиби муқаррагардида ба Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод менамояд.

Комиссия ҳуқуқ дорад ба кори комиссия мутахассисони экспертӣ, аудитӣ, машваратӣ ва ғайраро аз идораву корхонаҳо ҷалб намояд.

              6. Мукофот барои иштирокчиён  ва ғолибонии озмун

Мукофот барои иштирокчиён ва ғолибони озмун чунин муқаррар карда мешавад:

6.1  Барои ҳар як иштирокчии озмун-1000 (як ҳазор) сомонӣ;

6.2 Барои консепсияҳо ва лоиҳаҳои ангоравии беҳтарини кӯчаҳои Н.Қарабоев ва Борбад:

- барои ғолиби озмун, барои ҳар як кӯча-10000 (даҳ ҳазор) сомонӣ;

6.3  Барои лоиҳаи ангоравии беҳтарини кӯчаи Соҳилӣ:

-  барои ғолиби озмун - 8000 (ҳашт ҳазор) сомонӣ.

6.4 Ғолибони озмун минбаъд таҳиягари нақшаҳои иморат-созии мавзеъҳои мазкур мегарданд.

Мукофот барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ бо пули сомонӣ ва  ғолиби хориҷӣ мутаносибан бо қурби муайянкардаи Бонки миллии Тоҷикистон бо  доллари ИМА пардохт карда мешавад.

 7. Муҳлати пешниҳоди лоиҳа

а) ҳуҷҷатҳои довталабон барои иштирок дар озмун аз 10 майи соли 2017 то 10 июли соли 2017 ба Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе бо қайди «Барои озмун» ба суроғаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Қарабоев, 48, (почтаи электронӣ: DushanbeSRMhS@mail.ru) пешниҳод карда шаванд;

б) ҳуҷҷатҳои озмунии пешниҳодшуда дар китоби алоҳида ба санаи дохил шудани он ба қайд гирифта мешаванд;

в) ҳуҷҷатҳои озмуне, ки баъди санаи зикргардида пешниҳод мешаванд, мавриди қабул ва баррасӣ қарор намегиранд.