Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
25 May 2017

 Дар бораи таҷлил намудани Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар шаҳри  Душанбе

 

Бо мақсади иҷрои Барномаи давлатии тарбияи насли наврас дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2012, №382 тасдиқ гардидааст, инчунин ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ, фарҳангиву маърифатӣ ва ғоявию бадеӣ таҷлил намудани  Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаҳои 8 ва 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак»

                                       

ҚАРОР   МЕКУНАМ :

 

1. Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон  тибқи  замима  тасдиқ ва мавриди иҷро қарор дода шавад.

2. Ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон 1 июни соли 2017  дар Муассисаи давлатии фарҳангиву фароғатии «Аҳорун» чорабинии идонаи фарҳангиву фароғатӣ таҳти унвони «Мо ғунчаҳои баҳори Ваҳдатем» ташкил ва гузаронида шавад.

3.  Муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.М.  раисони ноҳияҳо, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри  Душанбе, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе, бахши ҳуқуқи кӯдаки мақомоти   иҷроияи   ҳокимияти   давлатии   шаҳри  Душанбе  ва

Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» бобати дар сатҳи баланди бадеиву фарҳангӣ доир намудани чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон тадбирҳои амалӣ андешанд.

       4. Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, тандурустӣ ва Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии ёрии таъҷилӣ ва бехатарии зидди сӯхтор ҳангоми баргузории чорабиниҳо тадбирҳои дахлдор андешанд.

5.  Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе», «Рӯзномаи Паёми Душанбе» қарори мазкур ва рафти баргузории чорабиниҳоро тариқи воситаҳои ахбори омма васеъ инъикос намоянд.

6.  Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе  Муинӣ М.  гузошта шавад.

 

 

                                    Рустами  Эмомалӣ