«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе. Дар ҳамин қаср мулоқотҳо байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарони давлатҳои хориҷа мегузарад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
25 May 2017

 Дар бораи гузаронидани амалиёти «Кӯкнор - 2017»

 

Бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои дахлдори шаҳрӣ оид ба ошкору нобуд кардани растаниҳои нашъаовари худрӯй, тақвият бахшидан ба муборизаи зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар шаҳри Душанбе, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»                

                                                                                                   

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

1. Дар шаҳри Душанбе дар давраи аз 20 май то 30 ноябри соли 2017 амалиёти «Кӯкнор-2017» гузаронида шавад.

2. Бо мақсади таъмини роҳбарӣ, назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолият оид ба ташкил ва гузаронидани  амалиёти «Кӯкнор-2017» тибқи замимаи 1 Ситоди шаҳрӣ таъсис дода шавад.

3. Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шаҳри Душанбе ва шуъбаи дуюми Раёсати оперативӣ-ҷустуҷӯии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ситоди шаҳрӣ нақшаи кори Ситодро бо мақсади ташкили ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ таҳия ва гурӯҳҳои оперативӣ-ҷустуҷӯиро ҷиҳати муоинаи заминҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе таъсис намоянд.

4. Ситоди шаҳрӣ дар ҷараёни баргузории амалиёти «Кӯкнор-2017» на камтар аз як маротиба дар се моҳ ҷаласаҳо гузаронида, ҳамзамон дар ҷараёни омодагӣ ва гузаронидани амалиёт, ба масъалаҳои ошкору пешгирӣ ва нобуд сохтани растаниҳои нашъадор, шахсони ба хариду фурӯши ғайри-қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, ташкил ва нигоҳ доштани ҷойҳои истеъмол ва фурӯши онҳо, воридоту содироти онҳо машғуланд, диққати махсус диҳад.

5. Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ситодҳои марбутаи ноҳиявиро таъсис ва оид ба ташкил ва гузаронидани амалиёти мазкур дар якҷоягӣ бо мақомоти корҳои дохилии ноҳияҳо, бо ҷалби васеи аҳли ҷамоатчигии шаҳр ва мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ чораҳо андешанд.

6. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе ва Муассисаи давлатии «Телевизиони Душанбе» инъикоси ҷараёни баргузории амалиёти «Кӯкнор - 2017» ва натиҷаи чорабиниҳои марбут ба онро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин созанд.

 7. Ситоди шаҳрӣ аз натиҷаи фаъолият ва чораҳои андешидашуда дар давраҳои якум ва дуюми амалиёт то 10 сентябр ва 10 декабри соли 2017 мутобиқи замимаи 2 ба Раиси шаҳри Душанбе ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот ирсол намояд. 

8. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини  Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

                                                                          

 

                                                                 Рустами Эмомалӣ