Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
31 May 2017

 Дар бораи баргузор намудани тендер

 

Бо мақсади интихоби ташкилоти лоиҳакаш барои таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ-харҷномавии иншооти «Азнавсозӣ ва таъмири асосии кӯдакистони №131-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе» ва «Азнавсозӣ ва таъмири асосии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе», бо инобати протоколи Воҳиди хариди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  аз 17 майи соли 2017, №51 мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 14 ва 23 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 12-14 ва 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ»

 

ҚАРОР    МЕКУНАМ:

 

1.   Комиссияи тендерӣ тибқи протоколи ҷаласаи Воҳиди хариди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз 17 майи соли 2017, №51 тасдиқ карда, дар ҳамкорӣ бо Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе, ҳамчун фармоишгар, ҷиҳати интихоби ташкилоти лоиҳакаш оиди таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ-харҷномавии иншооти «Азнавсозӣ ва таъмири асосии кӯдакистони №131-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе» ва «Азнавсозӣ ва таъмири асосии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе», ҳуҷҷатҳои заруриро барои гузаронидани тендер омода намуда, мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда эълон, баргузорӣ ва ҷамъбасти онро бо иштироки номаҳдуди довталабон таъмин намояд.

2.   Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

3.   Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М.М. гузошта шавад.

 

                                                                                          

                                                                          Рустами  Эмомалӣ