Шаршара дар Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
31 May 2017

Дар бораи татбиқи қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2017, №211«Дар бораи Барномаи соҳавӣ оид ба амалигардонии Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» дар шаҳри Душанбе 

Бо мақсади татбиқи қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2017, №211 «Дар бораи Барномаи соҳавӣ оид ба амалигардонии Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо»

                                                                                  

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

1. Нақшаи чорабиниҳои асосии иҷрои Барномаи соҳавӣ оид ба амалигардонии Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 дар шаҳри Душанбе тибқи замима тасдиқ карда шавад.

2. Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, шуъбаҳои ҳуқуқ, рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Сарраёсати маориф, раёсатҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, тандурустӣ, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баҳри иҷрои нақшаи чорабиниҳои мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида, аз натиҷааш ҳар сол то 1 декабр ба Раиси шаҳри Душанбе маълумот пешниҳод намоянд.

3. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе муҳтавои қарори мазкур ва рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои замимагардидаро тавассути воситаҳои ахбори омма ба таври васеъ инъикос намояд.

4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

 

 

                                                                              Рустами Эмомалӣ

 

 

 

img/Накша чорабинихои макомот.doc