Театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таърихи 70-сола дошта, яке аз театрҳои аввалини Душанбе ба ҳисоб меравад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
8 June 2017

 Дар бораи манъ кардани воридшавии ноболиғон ба марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳо дар вақти шабона

 

Бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои ноболиғон, пешгирии содиршавии ҳар гуна қонунвайронкуниҳо аз тарафи ноболиғон ё бо иштироки онҳо, иҷрои банди 42 нақшаи чорабиниҳои амалисозии дастуру супоришҳое, ки дар вохӯрии  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулон ва фаъолони шаҳри Душанбе 15 феврали соли 2017 баён гардидаанд, аз 12 апрели соли 2017, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 90  Кодекси ҳуқуқвайронкунии  маъмурии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 8 ва 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», моддаҳои 8 ва 11 Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ», моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» ва моддаи 51 Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»

 

ҚАРОР  МЕКУНАМ:

 

1. Воридшавӣ ва будубоши ноболиғон дар марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳо дар вақти шабона, ба фаъолияти меҳнатӣ ҷалб намудани онҳо дар чунин ҷойҳо қатъиян манъ карда, дар ин хусус дар ҷойҳои намоёни ин гуна марказҳо эълонҳо овехта шаванд. Воридшавии ашхоси ба балоғат расида ба ин гуна ҷойҳо дар асоси шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият ба роҳ монда шавад.

2. Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе,  Сарраёсати маориф, раёсатҳои фарҳанг, кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе», «Паёми Душанбе» ҷиҳати ташкил намудани барномаҳои фарҳангию фароғатӣ, таҳия ва нашри асарҳои илмию оммавӣ ва тарбиявӣ, ба вуҷуд овардани захираҳои интернетии барои ташаккули дурусти шахсияти ноболиғон мусоидаткунанда, ташкили ҳар гуна бозиҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ, машғулиятҳои иловагӣ бо иштироки наврасону ҷавонон бо мақсади самаранок сипарӣ гардидани вақти холии онҳо тадбирҳои судмандро ба роҳ монанд.

3. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва сохторҳои ноҳиявии он ҷиҳати ошкор кардани ҳолатҳои воридшавӣ ва будубоши ноболиғон дар марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳо дар вақти шабона, масъалаи ба ҷавобгарии дахлдори ҳуқуқӣ кашидани падару модари ин гуна ноболиғон ва роҳбарияти марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳо тадбирҳои зарурӣ андешад.

4. Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, бахш оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе рафти иҷрои қарори мазкурро таҳлил ва ҷамъбаст намуда, аз натиҷааш ҳар нимсола ба Раиси шаҳри Душанбе маълумоти муфассал пешниҳод намоянд.

5. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии  дастгоҳи  Раиси  шаҳри Душанбе инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монад.

        6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

       

 

        

                                                                  Рустами  Эмомалӣ