Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
14 June 2017

 КОНФЕРЕНСИЯИ илмӢ-назариявӢ:   «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну мароСИмҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»: дастовард ва дурнамои он дар шаҳри Душанбе»

ш.Душанбе, 14.06.2017. Имрӯз бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади натиҷагирӣ ва арзёбии дастовардҳои 10 солаи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»: дастовард ва дурнамои он дар шаҳри Душанбе» доир гардид.

Дар кори Конференсия намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси олии ҷумҳурӣ, кормандони вазорату идораҳо, Академияи илмҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, олимону пажуҳишгарони соҳа, раисони шаҳраку маҳаллаҳо, масъулини марказҳои фароғатӣ ва кормандони васоити ахбори омма иштирок карданд.

Конференсияро бо сухани ифтитоҳи муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ҳусни оғоз бахшида, дар назди ҳозирин сиёсатмадорону олимон ва коршиносону пажуҳишгарон оид ба дастовардҳо ва дурнамои қонуни мазкур бо маърузаҳои илмӣ баромад карданд.

Тавре дар ҷараёни ҳамоиши илмӣ-назариявӣ  таъкид гардид, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тайи 10 соли амалаш дари саодату рӯзгори хушро ба рӯи мардум боз намуда, дар ниҳоди хурду бузурги кишвар эҳсоси сарфаю сариштакориро ташаккул дод ва мардумро аз камбизоатӣ  раҳоӣ  бахшид.

Зимни суханронии масъулини соҳа зикр гардид, ки тибқи маълумоти оморӣ  аз соли аввали қабули қонун, яъне аз моҳи июни соли 2007 то панҷ моҳи аввали соли 2017 дар ҳудуди шаҳри Душанбе аз тарафи комиссияҳои доимӣ  14191 маъракаи хатнасур, 48005 тӯйҳои домодию арӯсӣ , 16008 маъракаи чил ва 13585 маъракаи сол ба қайд гирифта шудааст. Барои баргузории ин маъракаҳо 21988 чорвои калон ва 7281 чорвои хурд забҳ шуда, шумораи умумии маъракаҳо 91803 ададро ташкил медиҳад. Хароҷоти умумӣ  ба ҳисоби миёна аз шумораи маъракаҳои баргузоршуда, зиёда аз 277 миллиону 3 ҳазору 245 сомониро дар бар мегирад.

Дар давоми даҳ соли сипаригардида, 381 адад тӯйҳои домодию арӯсии хайриявӣ  ва 5840 адад хатнасурҳои хайриявӣ  баргузор карда шудааст. Ҳангоми назорат аз рафти баргузории маъракаву маросимҳои шаҳрвандон аз ҷониби масъулини соҳа 595 ҳолати вайрон намудани қонун ошкор гардидааст.         Мақомоти ваколатдори шаҳри Душанбе, ки татбиқи қонуни зикршударо дар қаламрави пойтахт таъмин менамоянд, фаъолияти сохторҳои марбутаро баррасӣ  ва таҳлил  карда, ба масъулин дар иҷрои он дастуру машваратҳои  самарабахш пешниҳод намуданд.

Баргузор намудани конференсия ба баланд бардоштани сифату фаъолияти Комиссияҳои доимӣ , муайян намудани паҳлуҳои гуногуни рушди соҳаи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, такмил додани самти талаботи қонун мусоидат намуда, роҳандозӣ  гардидани усулҳои муассири дастаҷамъонаро дар ин самт фароҳам месозад.

Дар Конференсияи мазкур аз ҷониби иштирокчиён дар мавзӯҳои гуногун, аз ҷумла «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон»-илҳомбахши ислоҳоти  маънавӣ  ва иҷтимоӣ  дар ҷомеа», «Табиати ҳуқуқӣ  ва зарурати танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Зарурат ва аҳамияти таърихии  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Такмили методҳои фаҳмондадиҳии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар байни аҳолӣ », «Баъзе андешаҳо доир ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе», «Нигоҳи фарҳангӣ -ҷомеашиносӣ  ба масъалаи танзими ҷашну маросимҳо», «Назорати прокурорӣ  дар риоя ва таъмини иҷрои қонуни миллӣ  ва нақши он дар амалишавии дигар қонунҳои соҳавӣ»  ва «Даҳ соли сарфаву сариштакорӣ  дар шаҳри Душанбе ва рафти иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз соли 2007 то 2017» маърузаҳо пешниҳод гардиданд.

Маърузаҳои пешниҳодгардида дар чорабинии мазкур гувоҳи он аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон» ифода ва таъмингари адолати иҷтимоӣ  ва муайянсозандаи дурнамои пешрафти ҷомеа мебошад.