Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
15 June 2017

 Дар бораи баргузор намудани Роҳпаймоии автомобилии ҷавонон «Роҳи Ваҳдат» бахшида ба 20-солагии Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон

 

Бо мақсади таҳкими дӯстию рафоқат ва рушди фарҳанги миллӣ, ҳамзамон густариш бахшидан ба арзишҳои миллӣ, ошноӣ пайдо намудани ҷавонони минтақаҳои гуногуни кишвар аз пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе, тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, дастгирии ташаббусҳои созандаи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 20-солагии Ваҳдати миллӣ ва «Соли ҷавонон», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»   

                              

ҚАРОР   МЕКУНАМ

 

1. Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир ба баргузор намудани Роҳпаймоии автомобилии ҷавонон «Роҳи Ваҳдат» тибқи замима тасдиқ карда шавад.

2. Муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.М., шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раёсатҳои фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ баргузор намудани чорабинии зикргардида тадбирҳои амалӣ андешанд.

3. Муовинони Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.М., Назирмадзода Б., Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» барои баргузор намудани Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Мо ҷавонон бо Пешвои худ ифтихор дорем» ва Корхонаи воҳиди давлатии «Меҳмонхонаи Душанбе» ҷиҳати бо ҷойи хоб таъмин намудани иштирокчиёни Роҳпаймоии автомобилии ҷавонон «Роҳи Ваҳдат» тадбирҳои зарурӣ андешанд.

4. Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, бехатарии ҳаракат дар роҳ ва хизматрасонии ёрии таъҷилӣ дар рӯзҳои баргузории роҳпаймоии мазкур чораҷӯӣ намоянд.

5. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе», «Рӯзномаи Паёми Душанбе» қарори мазкур ва рафти баргузории чорабиниҳоро тариқи воситаҳои ахбори омма васеъ инъикос намоянд.

6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

 

                                                       

                                                                           Рустами Эмомалӣ