Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
21 June 2017

    Дар бораи додани иҷозат ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Агросаноат»  ҷиҳати ба роҳ мондани фурӯши шир тариқи нақлиёт дар ҳудуди шаҳри Душанбе 

           

   

Муроҷиати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Агросаноат» аз 13 феврали соли 2017, №19 –ро барои ба роҳ мондани фурӯши шир тариқи нақлиёт дар ҳудуди шаҳри Душанбе баррасӣ намуда, бо инобати хулосаҳои Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, Раёсати назорати давлатии байторӣ ва Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе бо мақсади беҳтар намудани таъмини сокинони шаҳри Душанбе бо маҳсулоти ширӣ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» 

 

Қ А Р О Р     М Е К У Н А М:

 

1. Ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Агросаноат» барои ба роҳ мондани фурӯши шир тариқи нақлиёт дар ҳудуди шаҳри Душанбе бо дарназардошти риояи талаботу қоидаҳои санитарию байторӣ, оташнишонӣ ва экологӣ, ҳар рӯз аз соати 05:00 то 09:00 ва аз соати 18:00 то 20:00 иҷозат дода шавад.

        2. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Агросаноат»   руйхати мавзеъҳои барои фурӯши шир дар ҳудуди шаҳри Душанбе, интихоб кардаашро бо Раёсати рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мувофиқа намояд.

         3. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе»,  рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси ҳамаҷонибаи муҳтавои қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма ба роҳ монанд.

    4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

 

                                                                              Рустами  Эмомалӣ