«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе. Дар ҳамин қаср мулоқотҳо байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарони давлатҳои хориҷа мегузарад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
24 December 2010

23 декабри соли 2010 дар толори маҷлисгоҳи КВД «Маркази равобити пойтахт» таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум баргузор гардид.

Дар кори иҷлосия дар радифи вакилон, муовинони Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳои пойтахт, сохторҳои марбутаи шаҳрӣ, роҳбарони институтҳои шаҳрвандӣ, кумитаҳои шаҳрии ҳизбҳои сиёсии фаъоли ҷумҳурӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.

Тибқи рӯзномаи тасдиқнамуда, вакилон дар иҷлосия се масъала: Ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе  Маҳмадсаид Убайдуллоев  «Оид ба иҷроиши барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар 11 моҳи соли 2010, нақшаҳои рушд, буҷети шаҳри Душанбе ва вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2011 ва иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2009», аз моликияти коммуналӣ ба моликияти ҷумҳуриявӣ супоридани дегхонаи Горди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тасдиқи Қарорҳои Раиси шаҳри Душанберо, ки дар фосилаи байни иҷлосияҳо ба тасвиб расидаанд, баррасӣ намуданд.

Дар асоси ҳисоботи қаблан баҳри дастрасии кулли сокинони пойтахт дар рӯзномаи «Паёми Душанбе» ва сомонаи интернетии www.dushanbe.tj интишоршудаи Раиси шаҳр вакилон ба муҳокимаи ҳисобот шурӯъ намуданд.   

Вакилон фаъолияти анҷомдодаи Раиси шаҳрро, ки новобаста аз мушкилотҳои ҷойдошта, тибқи маълумотҳои фаврӣ дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳр беш аз 3,3 млрд.сомониро ташкил дод, ки нисбати нишондоди ҳамин давраи соли гузашта 7,1 фоиз зиёд буда, ба буҷет аз рӯи контингенти умумӣ даромадҳо ба маблаѓи 817,1 млн. сомонӣ андозҳо ва ҳаргуна пардохтҳои ғайриандозӣ ворид гашта, иҷрои нақшаи аниқшуда 109,3 фоиз таъмин гардид, ки нисбати ҳамин давраи соли 2009-ум 32,0 фоиз зиёд мебошад ва дар шаҳр иҷрои нақшаи солонаи контингенти умумии даромадҳо 6 декабри соли равон ва қисми даромади буҷети шаҳри Душанбе 9 ноябри соли 2010 таъмин шуда, воридоти контенгенти умумии даромадҳои шаҳри Душанбе бо назардошти андози иҷтимоӣ аз рӯи маълумотҳои фаврӣ дар ин давра  (1260,3 млн.сомонӣ) 39 фоизи воридоти умумии ҷумҳуриро ташкил дода, ба татбиқи барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳрдорӣ дар 11 моҳи соли равон таъсири нек расонидааст, ибратбахш  ва мусбӣ арзёбӣ намуданд.  

Ҳамзамон бо ҷонибдорӣ аз нақшаву барномаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2011 буҷети шаҳри Душанберо тибқи салоҳият барои соли нав тасдиқ намуданд, ки он характери иҷтимоӣ дорад.

Дар иҷлосия баҳри тақвияти фаъолияти Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар соли 2011 зикр гардид, ки минбаъд фаъолияти дилхоҳ сохторҳои хизматрасони шаҳри Душанбе баҳри баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасонӣ ба сокинони шаҳр мавриди санҷиши комиссияҳои депутатӣ қарор гирифта, дар ҳар як иҷлосия ҳисоботи комиссияҳои доимӣ ва як вакил аз фаъолияти анҷомдодааш шунида шавад.

Муқаррар гашт, ки то 25 январи соли 2011 дар ҳар як ҳавзаҳои интихоботӣ мулоқоти вакилони шаҳрӣ бо интихобкунандагон оид ба фаҳмондадиҳии моҳият ва зарурати пешниҳоди лоиҳаи қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ба муҳокимаи умумихалқӣ  баргузор карда шуда,  андешаҳои сокинон баҳри такмили  он ба инобат гирифта шавад.

Дар иҷлосия ҳамзамон нисбати сохтмони иншоотҳои иловагии  варзишӣ дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт ба Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе дастур гардид, ки то 22 январи соли 2011 тибқи талаботи Нақшаи генералии шаҳр дар ҳамкорӣ бо раисони ноҳияҳо қитъаҳои замини дахлдорро дақиқ ва интихоб намояд.

Инчунин зикр ёфт, ки илова ба сохтмони иншооти нақшавии варзишӣ аз ҳисоби маблаѓҳои буҷавӣ бунёди Маҷмааи варзишӣ бо ҳавзи шиноварӣ дар қисмати ҷанубу шарқии бозори «Султони Кабир», воқеъ дар кӯчаи Н. Қарабоев дар масоҳати 1,32 га ва сохтмони корти теннисии пӯшидаи замонавӣ ҳамчун идомаи сохтмони марҳилаи дуюми КВД “Маркази равобити пойтахт” дар соли 2011 амалӣ карда шуда, нахустин дастаи футболи шаҳрдорӣ таъсис дода хоҳад шуд, ки бо ин мақсад  то 1 январи соли 2011 ҷиҳати интихоби ном, рамз, мураббӣ ва ҳайати  даста қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе оид ба эълон доштани озмуни кушод ба тасвиб мерасад.

Бо баррасии дигар масъалаҳои рӯзнома иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум бо ҷонибдорию омодагӣ ва даъват ба ширкати фаъолонаи аҳли ҷамоатчигӣ ба татбиқи барномаҳои созандаи шаҳрдорӣ, ки баҳри истиқболи сазовори  соли 2011 - 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ дар фазои «Ташаббусҳои созанда ва масъулияти шаҳрвандӣ» нигаронида шудаанд,  ба кори худ хотима бахшид.