Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
21 June 2017

 

Душанбе, 21.06.2017,  Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири ин кишвар Улуғбек Розуқулов мулоқот кард.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масоили марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Маҳаки асосии музокиротро масъалаи ба роҳ мондани ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ миёни шаҳри Душанбе ва субъектҳои хоҷагидори Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташкил дод.

Дар ин робита таъкид гардид, ки ҳар ду ҷониб дорои понтесиали васеъи ҳамкорӣ ва имконияти фаровони ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар бахши ташкили корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои нақлиёт, техникаи коммуналӣ ва  кишоварзӣ, масолеҳи сохтмонӣ, молҳои маишӣ ва ғайра  мебошанд.

Ҷонибҳо ба рушду тавсеаи ҳамкориҳо дар бахши сайёҳӣ, ба роҳ мондани робитаҳои бародаршаҳрӣ миёни  Душанбеву Тошканд, таъсиси "Хонаи савдо"-и Душанбе дар шаҳри Тошканд ва "Хонаи савдо"-и Тошканд дар Душанбе мароқ зоҳир намуданд.

Дар рафти мулоқот ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн дахл карда шуд.

Вохӯрӣ ба таври созанда ва дар фазои ҳусни тафоҳум сурат гирифт.