Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
21 June 2017

 Имрӯз дар арафаи таҷлил аз 20-умин  солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ Раиси шаҳри Душанбе Рустами   Эмомалӣ дар асоси дастуру супоришҳои Аосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расман ба ифтитоҳи истгоҳи филтратсионӣ дар истгоҳи обтозакунӣ ва обтаъминкунии "Худҷореъшаванда"-и КВД "Обу корези Душанбе" заминагузорӣ карданд. Раиси шаҳр бо пахши тугмаи идора ба фаъолияти обполакҳои зудамали регӣ ибтидо гузоштанд.

Сохтмони обполакҳои зудамали регӣ бо мақсади  аз байн бурдани мушкилоту норасоиҳои мавҷуда дар бахши безараргардонии оби ошомиданӣ оғоз гардида буд. Маблағи умумии лоиҳа 5 миллиону 970 ҳазор доллари ИМА буда, аз ин ҳисоб 1,32 миллион долларро ҳиссаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва боқиро гранти Бонки умумиҷаҳонӣ ташкил медиҳад. Иқтидори истеҳсолии иншоот 150 ҳазор метри мукааб об дар як шабонарӯз буда, эҳтиёҷоти беш аз 300 ҳазор аҳолии шаҳрро қонеъ мекунад,

Корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизот аз ҷониби мутахассисони ширкати «Шимбар»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон бо сифати баланд ва дар мутобиқат ба стандартҳои байналмилалӣ  анҷом дода шудааст.  Обполакҳо бо истифодаи навтарин технологияи соҳа сохта шуданд ва ин аввалин таҷриба дар қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.

Зимни боздид аз истгоҳи филтратсионӣ Раиси шаҳр таваҷҷуҳи масъулинро ба баланд бардоштани дараҷаи бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин кардани аҳолӣ ҷалб намуданд.

Иншооти мазкур аз се ошёна ва даҳ ҳавзи обполӣ иборат мебошад, ки як бартарияти дигари лоиҳаро дар самти ихтисори майдони ҷойгиршавӣ ва коркарди хубтару беҳтари оби ошомиданӣ ифода мекунад.

Дар таъминоти саривақтӣ ва мунтазами аҳолии шаҳри Душанбе бо оби тозаи ошомиданӣ ҳавзи танзими шабонарўзии КВД «Обу корези Душанбе»  аҳамияти калон доранд. Он аз се ҳавзи ҷудогонаи обҷамъкунӣ бо ғунҷоиши аз 330 то 380 ҳазор метри мукааб об иборат мебошад.

      Дар коркарду безараргардонии оби барои муштариён интиқолшаванда, коргоҳи истеҳсоли гипохлориди натрий ҳам нақши асосӣ дорад. Дар ин коргоҳ, ки бо технологияи муосири олмонӣ ва чинӣ муҷаҳҳаз шудааст, миқдори лозимаи  гипохлориди натрий - маҳлул барои безараргардонии оби ошомиданӣ истеҳсол карда мешавад.             

Дар коргоҳ се хати истеҳсолӣ васл гардидааст ва  маводи зарурӣ дар марҳилаҳои ҷудогона, аз ҷумла омода кардани намакоб ва тоза кардани он аз дигар пайвастагиҳои химиявӣ омода мешавад. Бино ба ҳисоби мутахассисон, солона барои коркарди пурраи оби ошомидании аҳолии шаҳри Душанбе аз 550 то 600 тонна намак истифода мегардад.

  Дар ҷараёни боздид аз иншоот Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сохтмони марҳилаи дуюми истгоҳи филтратсионӣ дар истгоҳи обтозакунӣ ва обтаъминкугнии "Худҷореъшаванда" низ санги асос гузоштанд. Корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи дуюм моҳи июли соли ҷорӣ ба роҳ монда мешавнад.  Иқтидори лоиҳавии марҳилаи дуюм 150 ҳазор мукааб метр оби тоза буда, баъди анҷоми қисмати дуюм истеҳсоли умумии оби тоза дар як шабонарӯз ба 300 ҳазор мукааб метр расонда мешавад, ки дар натиҷаи он аҳолии шаҳри Душанбе пурра бо оби тозаи безарар таъмин мегардад.