Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
26 June 2017

 Дар бораи таъсиси додани стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе

 

Бо мақсади иҷрои банди 4 қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 28 марти соли 2017, №134 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вобаста ба «Соли ҷавонон» эълон гардидани соли 2017», мутобиқи моддаҳои 11 ва 191 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», моддаи 45 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

ҚАРОР       МЕКУНАМ:

 

1.  Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе барои 200 (дусад) нафар ба маблағи 250 (дусаду панҷоҳ) сомонӣ дар як моҳ ва барои нӯҳ моҳи соли хониш таъсис дода шавад.

2.  Низомномаи стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

3.  Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ҳамоҳангсози амалигардонии стипендияи Раиси шаҳри Душанбе муқаррар карда шавад.

4.  Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳрӣ ба муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе барои пардохти стипендияи мазкур дар соли 2017 маблағи мазкурро ҷудо намояд.

5.  Муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пардохти саривақтии маблағи ҷудогардидаро тибқи тартиби муқарраргардида таъмин намояд.

6.  Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

7.  Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

8.  Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

 

 Рустами Эмомалӣ


 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Замима

ба қарори Раиси шаҳри Душанбе

аз “___” июни соли 2017, №__

 

Низомномаи

стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои хонандагону

 донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ

ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе

 

1. Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд намудани ҷавононе, ки рафтори намунавӣ ва хониши хубу аъло дошта, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок мекунанд, таъсис дода шудааст.

2. Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон амалӣ гардонида мешавад.

3. Довталабони стипендияи Раиси шаҳри Душанбе хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки ба нишондиҳандаҳои зерин мутобиқат менамоянд, буда метавонанд:

- рафтори намунавӣ ва эҳтироми хоса дар байни ҳамсинфон ва ҳамкурсон дар як соли охир, бо дарназардошти тавсияи хаттӣ (аз ҷониби роҳбари гуруҳ ва директори муассисаи таълимӣ);

- аъзои фаъоли созмонҳои хонандагӣ, ташкилоти ҷамъиятии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон бошанд;

- бо баҳои хубу аъло, ки мувофиқи маълумотномаи хаттӣ оид ба ҷамъбасти баҳоҳо дар як соли охир аз ҷониби директори муассисаи таълимӣ бояд тасдиқ шуда бошад;

- дар корҳои ҷамъиятии муассиса ва берун аз он фаъолона ширкат намояд;

- барои иштироки фаъолона дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон омода бошад, зеро миёни барандаи стипендия ва мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи кор бо ҷавонон дар шаҳри Душанбе шартномаи алоқаманд ба имзо расонида мешавад.

4. Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе дар асоси озмун аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон барои як соли таҳсил (аз 1 сентябр то 1 июн) таъин карда мешаванд.

5. Барои сазовор шудан ба стипендияи Раиси шаҳри Душанбе аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон дар шаҳри Душанбе озмун доир карда мешавад.

6. Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои 160 (яксаду шаст) хонандаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва 40 (чил) хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ муқаррар карда мешаванд.

7. Мақомоти ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон квотаҳои стипендияи Раиси шаҳри Душанберо дар чор ноҳия бо дарназардошти миқдори хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ муайян менамояд.

8. Бо мақсади ташкили кор барои ба таври озмун интихоб намудани номзадҳо ҷиҳати гирифтани стипендияи Раиси шаҳри Душанбе дар назди мақомоти ваколатдори давлатии кор бо ҷавонони шаҳри Душанбе Комиссия аз ҳисоби кормандони сохторҳои кор бо ҷавонон, маориф, фарҳанг, рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ таъсис дода мешавад.                           

9. Низомномаи Комиссия оид ба стипендияи Раиси шаҳри Душанберо мақомоти ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон таҳия ва тасдиқ менамояд.

10. Барандагони стипендия дар асоси қарори комиссия (суратмаҷлис оид ба интихоби барандаи стипендия) ва тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе муайян карда мешаванд.

11. Пардохти стипендия ҳар моҳ тибқи тартиби муқарраргардида ба анҷом расонида мешавад. Дар сурати аз ҷониби гирандаи стипендияи Раиси шаҳри Душанбе мунтазам вайрон кардани интизоми мактабӣ, гирифтани баҳои ғайриқаноатбахш, пардохти стипендия метавонад қатъ карда шавад.

12. Аз стипендияи Раиси шаҳри Душанбе маҳрум кардани шахс дар ҳолати ба таври мунтазам иҷро накардани талаботи банди 3 Низомномаи мазкур бо пешниҳоди ҳайати Комиссия сурат мегирад. Рӯзи аз стипендия маҳрум кардани шахс аз рӯзи ба имзо расидани қарори дахлдори Комиссия ба ҳисоб гирифта шуда, пардохти маблағи стипендия аз ҳамон моҳ қатъ карда мешавад ва дар муҳлати то 10 рӯз тибқи тартиби пешбининамудаи банди 8 Низомномаи мазкур озмуни иловагӣ ташкил гардида, номзади муносиб аз ҷониби Комиссия интихоб карда мешавад.

14. Ба гирандаи стипендияи Раиси шаҳри Душанбе, ки тариқи озмуни иловагӣ тибқи тартиби Низомномаи мазкур ғолиб дониста шудааст, аз рӯзи имзои қарори дахлдори Комиссия бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон маблағи стипендия пардохт карда мешавад.