Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
28 June 2017

 ш.Душанбе, 28.06.2017.     Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар мулоқот кард.

Дар вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҷумҳурии Фаронса мавриди музокирот қарор дода шуд.

Ҷонибҳо ба рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода, таъкид намуданд, ки Фаронса ва Тоҷикистон дорои имконият ва захираҳои фаровони ҳамкориҳои гуногунҷанба мебошанд.  

 Ҳамкориҳои Тоҷикистону Фаронса дар мисоли сохтмон ва азнавсозии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе назаррас буда, бо мусоидати ширкатҳои Фаронса ояндаи наздик корҳои васлу танзими таҷҳизоти бунгоҳи дистпечириву назоратии фурудгоҳи байналмилалии Душанбе анҷом дода мешавад. Бунёди маркази савдои "Ашан" дар Душанбе аз ҳамкориҳои дигари мутақобилан судманди ҷонибҳо маънидод гардид.

Ҷониби Фаронса изҳор намуд, ки ояндаи наздик дар Душанбе сохтмони Институти модару кӯдакро ба нақша гирифтааст.

 Тавре гуфта шуд, соли 2019 дар Фаронса баргузории нахустин Намоишгоҳи Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, ки он дастовардҳои кишвари моро аз асри биринҷ то имрӯз фаро мегирад.

 Иштирокчиёни вохӯрӣ ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн дахл карданд.