Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
4 Июль 2017

 Дар бораи таъсис додани Муассисаи давлатии «Маркази хизматрасонии Обшорон»

 Мутобиқи моддаҳои  19 ва 20  Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 132, 313-315 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои  4, 8, 10-12 Қонуни   Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар  бораи  бақайдгирии   давлатии  шахсони  ҳуқуқӣ  ва соҳибкорони  инфиродӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

1. Муассисаи давлатии «Маркази хизматрасонии Обшорон» таъсис дода, оиннома, фондҳои музди меҳнати роҳбарият ва кормандон, низомнома дар бораи ҳавасмандгардонии кормандони он тибқи замимаҳои 1, 2, 3 ва 4 тасдиқ  карда  шаванд.

2. Самиев Муродҷон Шарифхонович ба вазифаи директори Муассисаи давлатии «Маркази хизматрасонии Обшорон» таъин ва ваколатдор  карда  шавад, ки мутобиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда дар мақомоти ваколатдор ба қайди давлатӣ гирифта шудани муассисаи мазкурро таъмин намояд.

3. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳр маблағгузорӣ намудани фаъолияти муассисаи мазкурро дар соли 2017 таъмин намуда, ҳангоми таҳияи буҷети солҳои минбаъда маблағҳои заруриро барои нигоҳдошти муассиса пешбинӣ намояд.

4. Сарраёсати   Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии шаҳри Душанбе ба маълумотҳои бақайдгирӣ ва омори давлатӣ тағйироти дахлдор ворид намояд.

5. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

6. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷӣ инъикоси қарори мазкурро тавассути  васоити ахбори омма таъмин намояд.

7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад. 

 

                                                                    

                                                                                  Рустами Эмомалӣ