Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
13 Июль 2017

 ш.Душанбе, 13.07.2017,   Имрӯз тибқи супориши протоколии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мулоқоти гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо роҳбарият ва кормандону мутахассисони Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайри манқул» дар шаҳри Душанбе оид ба амалӣ намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирии амалҳои коррупсионӣ баргузор гардид.

 Масъалаҳои меҳварии мулоқотро риоя кардани меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ», ҳамчунин риояи талаботи Кодекси одоб, Низомнома, дастурамалҳои мансабӣ ва санадҳои ҳуқуқии дигар аз ҷониби ҳар як корманди давлатӣ ташкил дод.

Зимни мулоқот аъзои гурӯҳи корӣ ба роҳбарият ва кормандони корхона тавсия доданд, ки амалиёти бақайдгирӣ бояд бо инобати талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, барои фарохам овардани заминаи амалҳои коррупсионӣ роҳ дода нашавад. 
Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки  дар баробари вазъи ҳукуқӣ шаҳри Душанбе маркази сиёсӣ, илмӣ, таърихӣ ва фарҳангии кишвар буда, дар пойтахти мамлакат мақомоти олии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои мақомоти вилоятиву ҷумҳуриявӣ, намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикисон ҷойгир шудаанд ва дар ин робита ҳар як вазорату идора ва ташкилоту муассисаҳо бояд қабули шаҳрвандонро дар асоси тартиби 
муқарраргардида ба роҳ монанд. 

Ҳамчунин масъалаи ҷобаҷогузории кадрҳо аз рӯи ихтисос ва собиқаи корӣ, ротатсияи кормандон, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҳангоми қабули корманд ба кор, андешидани тадбирҳо дар вақти ба синни нафақа расидани корманд ва қабули шаҳрвандон, аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки мавриди баррасии ҳаматарафа ва амиқ қарор дода шуданд. 

Роҳбарият ва кормандони Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайри манқул» дар шаҳри Душанбе иброз доштанд, ки бо дарназрдошти мавҷудияти омилҳои нигаронкунанда, дархосту муроҷиатҳои шаҳрвандон ва эроду тавсияҳои гурӯҳи корӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ хоҳанд кард ва дар иҷрои вазифа ба кашолкорӣ роҳ нахоҳанд дод.

 Тибқи маълумоти пешниҳодгардида дар Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайри манқул» дар шаҳри Душанбе имрӯз 171 нафар кормандон аз рӯи ҷадвали штатӣ ва 6 нафари дигар тариқи шартнома бо итисосҳои заминсозӣ, ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ, омӯзгорӣ, агрономӣ, менеҷмент ва андозбандӣ, муҳандис-сохтмончӣ ва дигар ихтисосҳо фаъолият менамоянд. Бо назардошти таклифу пешниҳод ва эроду тавсияҳои дар ҷараёни мулоқот ба миён омада, роҳбарият ва кормандони Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайри манқул» дар шаҳри Душанбе  вазифадор гардиданд, ки аз натиҷаи корҳои анҷомдодашуда, дар муҳлатҳои кутоҳтарин ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маълумот манзур намояд.