Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
4 January 2011

4 январи соли 2011 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев нахустин ҷаласаи кории шаҳрдорӣ оид ба баррасии масоили татбиқи лоиҳаҳои гуногуни сохтмонӣ дар соли нав бо иштироки масъулини Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва пажўҳишгоҳҳои лоиҳакашии фаъоли кишвар баргузор гардид.

Дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷўҳи сохторҳои шаҳрӣ ва кулли иштирокдоронро пеш аз ҳама баҳри татбиқи дастурҳои Президенти кишвар Э.Раҳмон дар мулоқот бо варзишгарон нигаронида, бобати иҷрои онҳо вобаста аз масоили фарогир супоришҳои мушаххасро бо мўҳлатҳои дақиқ ироа намуд.

Инчунин муқаррар сохт, ки бо тезонидани корҳои лоиҳакашӣ ба сохтмони иншооти Маҷмааи варзишӣ бо ҳавзи шиноварӣ дар қисмати ҷанубу шарқии бозори «Султони Кабир», воқеъ дар кўчаи Н. Қарабоев дар масоҳати 1,32 га ва сохтмони комплекси мўҳташами варзишии замонавӣ ҳамчун идомаи сохтмони марҳилаи дуюми КВД “Маркази равобити пойтахт” дар арафаи Наврўзи  соли 2011 оғоз карда шавад.

Баҳри тақвияти корҳои омодагӣ ба татбиқи барномаҳои шаҳрдорӣ оид ба истиқболи ҷашни 20-солагии истиқлолияти кишвар, ки дар доираи он беш аз 200 иншооти ҷадид ва таъиноти гуногундошта аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ  ва соҳибкорон ба истифода дода мешаванд, афзуд, ки минбаъд бобати назорати рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти бузурги ҷашнӣ, аз қабили «Душанбе-плаза», Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар Буни ҳисорак ва Наврўзгоҳи шаҳрӣ (собиқ ипподром) ҳар ҳафта рўзҳои ҷумъа шахсан аз ҷониби Раиси шаҳр ҷаласаҳои сайёр доир карда мешаванд.