Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
21 July 2017

 ш.Душанбе, 19.07.2017,  Дар Кохи ҷавонони пойтахт  бо иштироки роҳбарон ва намояндагони сохтору муассисаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мулоқоти корӣ доир гардид, ки дар он паҳлуҳои гуногуни суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии мамлакат ба муносибати 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди омӯзиш ва таҳлилу баррасии ҷиддӣ қарор гирифт.

Мулоқот таҳти раёсати муовини Раиси шаҳри Душанбе М. Муинӣ сурат гирифта, дар кори он кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ва дигар ниҳодҳои марбута иштирок намуданд.

Тавре гуфта шуд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханрониашон дар мулоқот оид ба зарурияти қабули ин қонуни миллӣ таъкид намуданд, ки тайи даҳсолаҳои охир бо пайдо шудани равияҳои мазҳабии дорои хусусияти ифротӣ ва вусъат гирифтани тарғиботи зарарнок тавассути баъзе шабакаҳои интернетӣ дар кишвар зуҳуроти бегонапарастиву тақлид ва хатар ба забону фарҳанг, бахусус, расму ойинҳои миллӣ ва ҳатто тарзи либоспӯшии мардуми мо, аз ҷумла занон торафт қувват гирифта, таассубу зиёдаравӣ ҳангоми баргузории маросиму маъракаҳо ба ҳукми анъана даромада буд. Бо таъсири чунин раванд дар минтақаҳои гуногуни кишвар маъракаҳои сохтаву бофтаи ба фарҳангу мазҳаби мо бегона зиндагии табақаҳои камбизоатро, ки бе ин ҳам мушкилиҳои зиёд доштанд, вазнинтар гардониданд.

Дар вохӯрӣ изҳори қаноатмандӣ гардид, ки қабули қонун ба ҳайси яке аз иқдомоти муҳимтарин ва таърихӣ дар роҳи эҳё, ҳифз ва рушди анъанаҳои мардумӣ боиси ҳалли бисёр мушкилоти ҳаётан муҳими аҳли ҷомеа гардида, ҷашну маъракаҳо ва расму ойинҳоро дар кишвар ба низом даровард.

Зимни суханронии масъулини соҳа зикр гардид, ки тибқи маълумоти оморӣ  аз соли аввали қабули қонун, яъне аз моҳи июни соли 2007 то имрӯз дар ҳудуди шаҳри Душанбе аз тарафи комиссияҳои доимӣ  14191 маъракаи хатнасур, 48005 тӯйҳои домодию арӯсӣ  , 16008 маъракаи чил ва 13585 маъракаи сол ба қайд гирифта шудааст. Барои баргузории ин маъракаҳо 21988 чорвои калон ва 7281 чорвои хурд забҳ шуда, шумораи умумии маъракаҳо 91803 ададро ташкил медиҳад. Хароҷоти умумӣ  ба ҳисоби миёна аз шумораи маъракаҳои баргузоршуда, зиёда аз 277 миллиону 3 ҳазору 245 сомониро дар бар мегирад.

Дар давоми даҳ соли сипаригардида, 381 адад тӯйҳои домодию арӯсии хайриявӣ  ва 5840 адад хатнасурҳои хайриявӣ  баргузор карда шудааст. Ҳангоми назорат аз рафти баргузории маъракаву маросимҳои шаҳрвандон аз ҷониби масъулини соҳа 595 ҳолати вайрон намудани қонун ошкор гардидааст. Мақомоти ваколатдори шаҳри Душанбе, ки татбиқи қонуни зикршударо дар қаламрави пойтахт таъмин менамоянд, фаъолияти сохторҳои марбутаро баррасӣ  ва таҳлил  карда, ба масъулин дар иҷрои он дастуру машваратҳои  самарабахш пешниҳод намуданд.


Иштирокчиёни ҷамъомад бо истинод ба нуктаҳои муҳими суханронии Пешвои миллат аз натиҷаҳои мусбати татбиқи қонун ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки ҳанӯз ҳам ҳолатҳои пурдабдаба гузаронидани тӯю маъракаҳо ва хароҷоти бемаврид дар мамлакат пурра аз байн нарафта, баъзе шаҳрвандон ҳоло ҳам расму ойинҳоро ҳамчун воситаи худнамоиву шуҳратпарастӣ истифода менамоянд.

 Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади ба таваҷҷӯҳи тамоми қишрҳои ҷомеа расонидани аҳамият ва моҳияти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва паҳлӯҳои гуногуни суханронии Пешвои миллат нақшаи мулоқоту вохӯриҳои намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он таҳия шудааст.

Тӯли як моҳ гурӯҳҳои корӣ иборат аз кормандони масъули сохторҳои гуногуни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар шаҳракау маҳаллаҳо ва кооперативони моликони манзил ба аҳолӣ нуктаҳои асосии суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки   дар мулоқот бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии мамлакат ба муносибати 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баён доштанд, мефаҳмонанд.

 Дар мулоқот ба роҳбарони сохтору муассисаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тавсия дода шуд, ки ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафъи камбудиҳои ҷойдошта дар ин самт чораҳои мушаххас ва таъхирнопазир андешанд ва пешниҳоду таклифҳои худро ба комиссияи корӣ пешкаш намоянд.

Хотиррасон бояд шуд, ки чунин вохӯриҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе то ба имрӯз бо намояндагони ҷавонон, бонувони фаъоли шаҳри Душанбе, ходимони дин ва соҳаи тандурустӣ доир карда шуданд.