Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
21 July 2017

ш.Душанбе, 21.07.2017. Имрӯз бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ маросими рӯнамои лоиҳаи намунавии "Корти шаҳрӣ"-и пардохт ва назорати электронии роҳкиро дар нақлиёти мусофирбар доир гардид.

Лоиҳаи низоми автоматии пардохт ва назорати роҳкиро дар нақлиёти мусофирбари шаҳрро мутахассисони ширкати "IBA-Group" -и Ҷумҳурии Белорусия  тарҳрезӣ намуда, корҳои насбу танзими таҷҳизот ва таҳияи кортҳои электронӣ дар доираи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ аз ҷониби ширкатҳои ватанӣ анҷом дода мешавад.

Гузариш ба  пардохт ва назорати электронии роҳкиро дар се марҳила татбиқ мегардад.

Низоми пардохти электронӣ дар  марҳилаи ибтидоӣ дар 29 автобус  ва 28 троллейбуси хатсайри марказии шаҳри Душанбе, яъне хиёбони Рӯдакӣ  ба таври таҷрибавӣ ҷорӣ шудааст.

Раиси шаҳр зимни шиносоӣ бо тарҳи нави пардохти роҳкиро таваҷҷуҳи масъулини соҳаро ба баланд бардоштани дараҷаи хизматрасонӣ ба аҳолӣ, ҷорӣ намудани шаклу усулҳои манфиатбахши хизматрасонӣ ва риояи бечунучарои қоидаҳои мусофирбарӣ бо дарназардоршти амнияти мусофирон ва хатсайру истгоҳҳои муайяншуда ҷалб карданд.

Мусофирон кортҳои электронии пардохтро метавонанд, аз ронанда, назоратчӣ ҳамчунин аз терминалҳои махсусе, ки дар истгоҳҳо амал мекунанд  ва дигар нуқтаҳои фурӯши шаҳрӣ  дастрас намоянд.

Дар нақлиёти шаҳрӣ барои қабули пардохтҳои электронӣ таҷҳизоти махсус, ки валидатор ном дорад, насб шудаанд

Ронанда ҳангоми оғози кор корти худро ба валидатор гузошта, онро барои қабули роҳкиро ва назорати ҷараёни он омода месозад. 

Мусофир қабл аз нишастан ба нақлиёт корти роҳкироро дастрас намуда,  ҳангоми ворид шудан ба нақлиёт онро  болои таҷҳизоти қабул -  валидатор мегузорад ва дар сурати мавҷуд будани маблағ  дар табло  калимаи "Раҳмат " ва агар дар корт маблағи лозимаи пардохт мавҷуд набошад, истилоҳи "Қабул нашуд" пайдо мешавад. Дар марҳилаи аввал дар ҳар як воситаи нақлиёти мусофирбар назоратчиҳо фаъолият мекунанд, ки ҷараёни истифода ва пардохти электронии роҳкироро назорат мекунанд. Мусофирон метавонанд, корти роҳкироро аз назоратчӣ ё ронанда дастрас намоянд. Дар сурати надоштани корт мусофир метавонад, маблағи роҳкирро ба назоратчӣ пардохт намуда, аз ӯ расид гирад.

Дар автобусу троллейбусҳо мониторҳои  иттилоотӣ бо нишон додани масири  хатсайр ва истгоҳҳо амал мекунад.

Барои нафақахӯрон ва афроди дорои имкониятҳои маҳдуд кортҳои имтиёзнок ҷорӣ шудаанд.

 Гузаштан ба шакли электронии пардохт пеш аз ҳама барои мусофирон   аз лиҳози сарфакорӣ диққатҷалбкунанда ва барои пардохт қулай буда, ба баланд бардоштани сатҳ  ва фарҳанги хизматрасонии мусофирон, ҷорӣ намудани хизматрасониҳои иловагӣ ва ҳамгироӣ бо дигар намудҳои нақлиёт, васеъ кардани сатҳи пардохт бо воситаи маблағҳои ғайринақдӣ, афзоиши шумораи нақлиёт дар асоси омӯзиши эҳтиёҷоти мусофирон, кам кардани шумораи мусофирони бероҳкиро дар нақлиёт мусоидат мекунад.