Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
21 Июль 2017

 Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати амалигардонии муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»

Бо мақсади иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 феврали соли 2017, №835 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», инчунин тарбия намудани насли наврасу ҷавони кишвар дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

                                      ҚАРОР МЕКУНАМ:

         1.Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати амалигардонии муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» тибқи замима  тасдиқ карда шавад.

         2. Муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.М., раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе (Самӣ Ҳ.Ш., Ҳакимзода Н.Ҳ., Салимзода Н.Ф., Табарзода Ҷ.А.,), шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Сарраёсати маориф, раёсатҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Душанбе, тандурустӣ, кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва бахш оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иҷрои саривақтии нақшаи мазкурро таъмин намоянд.

         3. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи  Раиси  шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма ба роҳ монанд.

         4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

 

 

                                                                                     Рустами Эмомалӣ