Маркази барқу гармидиҳии -2 Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
24 Июль 2017

 ш.Душанбе, 24.07.2017,  Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум доир гардид.

Дар кори иҷлосия Раиси шаҳри Душанбе, муовини якум, муовинони  Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбар ва муовини роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони сохторҳои мақомот ва муассисаву корхонаҳо, инчунин намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.

Иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум мутобиқи моддаҳои 12, 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе даъват карда шуда, таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ сурат гирифт.

Вакилони халқ дар оғоз котибот ва ҳайати таҳририяи иҷлосияро интихоб ва рӯзномаи кори онро тасдиқ карданд.

Ба рӯзномаи кори иҷлосия масъалаҳо дар бораи ҷараёни татбиқи барномаҳо, нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соҳаи маориф ва навгониҳо дар ин самт, баррасии натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар нимсолаи якуми соли 2017 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм, ҳамчунин тасдиқи як силсила қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе дохил шуда буд.

Дар ибтидо вакилони халқи шаҳри Душанбе ҷараёни татбиқи барномаҳо ва нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соҳаи маориф ва навгониҳои онро баррасӣ намуда, ба масъулини соҳа тавсия доданд, ки ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати барнома ва нақшаҳои мавҷуда чораҳои бетаъхир андешанд.

Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанберо дар нимсолаи якуми соли 2017 ҷамъбаст ва вазифаҳоро барои давраи минбаъда муайян кард.

Раиси  шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ зимни муҳокимаи масъалаҳо таваҷҷуҳи вакилони халқ ва масъулини соҳаҳоро, қабл аз ҳама, ба иҷрои бечунучарои азхудкунии маблағҳои фондҳои асосии сохтмон, таъмини сифати корҳои сохтмонӣ ва масолеҳи истифодашаванда, инчунин такмили фаъолияти комиссияҳои давлатии қабули иншоот ҷалб намуда, оид ба беҳдошти вазъи таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва ҳисобкунанкҳои об, барҳамдиҳии қарздориҳо, ҷоннок намудани корҳо оид ба ифтитоҳи марҳилаи дуюми лоиҳаи обтозакунӣ, беҳбуд бахшидани хизматрасониҳои коммуналию муҳандисӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд

Масъулин вазифадор гардиданд, ки  якҷо бо сохторҳои дахлдори шаҳрӣ ҷиҳати тоза кардани партовҳои маишӣ, сари вақт безарар гардондан ва кашондани онҳо, ба талаботи муосир мутобиқ намудани низоми равшандиҳии шаҳр корҳои амалиро роҳандозӣ намоянд

Ба сохторҳои дахлдор дастур дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр ҷиҳати пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинон, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии сӯхторҳо дар бозорҳо ва марказҳои савдо чораҷӯӣ намоянд.

Сарраёсати маориф вазифадор гардид, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр барои пешгирӣ ва кам кардани шумораи ноболиғони оворагард, талбандагон ва ҷоннок намудани корҳои тарбиявӣ бо саркардагони муноқишаҳо миёни хонандагони муассисаҳо чораҷӯи намуда, то охири сол ба Раиси шаҳр  ахбор манзур намояд.

Дар иҷлосия таъкид гардид, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқоту тарғиботро бо сокинони пойтахт оид ба пешгирии пӯшидани сару либоси фарҳанги бегона, хурофотпарастӣ ва дигар омилҳои зараровари ҷомеа  ҷоннок карда шуда,  дар самти пешгирии  касалиҳои сироятӣ, таъмини қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ  корҳои амалӣ ба роҳ монда шавад.

Бобати шаффофият ва самаранокии хароҷоти буҷет, иҷрои сифатноки нақшаи андозҳо, кам намудани бақияпулиҳои андозӣ, роҳ надодан ба зиёдшавии онҳо ва барои пешгирии барҳамхӯрии субъектҳои хоҷагидор ва соҳибкорони инфиродӣ, инчунин кам кардани қарздории музди меҳнат тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ шаванд.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба масъулин дастур доданд, ки ҷиҳтаи ба  миқдори зарурӣ харидорӣ ва ба бозорҳои шаҳр ворид намудани маҳсулоти кишоварзӣ, муътадил нигоҳ доштани нархҳо ва пешгирии болоравии онҳо дар бозорҳои шаҳр, махсусан дар арафаи иди Қурбон ва ташкили ҷойҳои фурӯши чорвои қурбонӣ ва забҳи он мунтазам корҳои амалиро анҷом диҳанд.

Такмил додани корхонаҳои коммуналии хизматрасонии нақлиётӣ, ба низом даровардани хатсайрҳо, ҷорӣ намудани низоми пардохти ғайринақдии ҳаққи мусофиркашонӣ, таъмини сару либоси ягонаи ронандагон ва танзими реҷаи ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ дар хатсайрҳо, пешгирии тамбашавӣ ва интизоршавии дурударози мусофирон, фаъолияти дурусти нақлиётҳои ҷамъиятӣ дар терминалҳои мусофиркашонӣ дар чор самти шаҳр ва риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ бояд дар кӯтоҳтарин мӯҳлат ба танзим дароварда шавад

Ба  мақомоти марбута якҷо бо раисони ноҳияҳо супориш дода шуд, ки барои зиёд  намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, хӯрокворӣ, либоси мактабӣ, мошинолоти кишоварзӣ, ба кор даровардани корхонаҳои истеҳсолӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, то 1 декабри соли 2017 ба Раиси шаҳр ахбор манзур намоянд. 

Сохторҳои масъул ва раисони ноҳияҳои шаҳр вазифадор шуданд, ки дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ҷиҳати бо пуррагӣ пайваст шудани ҳамаи биноҳои истиқоматӣ ба шабакаҳои гармидиҳӣ чораҳои фаврӣ андешида, то мавсими зимистонгузаронӣ ба Раис шаҳр ҳисобот пешниҳод намоянд. 

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз роҳбарон ва масъулини тамоми сохторҳо бо қотеият талаб карданд, ки тамоми камбудӣ ва нуқсони мавҷударо сари вақт бартараф намуда, дар пешрафт, тараққӣ ва ободонӣ шаҳр дар роҳи фароҳам овардани зиндагии шоиста ба тамоми қишрҳои ҷомеа саҳми арзандаи худро гузоранд

Иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе як қатор қарорҳои қабул намудаӣ Раиси шаҳри Душанберо дар робита ба масъалаҳои муҳими соҳаҳои гуногуни холҷагии халқ баррасӣ ва тасдиқ кард.

Аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимашаванда қарорҳои дахлдор ба тасвиб расид.

Бо ҳамин иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри   Душанбе, даъвати панҷум кори худро анҷом дод.