Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
26 Июль 2017

 Ш.Душанбе, 25.07.2017.   Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҳайати Бонки Умумиҷаҳонӣ таҳти роҳбарии Намояндаи доимии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ян Питер Олтерс мулоқот кард.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо Бонки Умумиҷаҳонӣ дар доираи лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳр - DWSP2 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 Маҳаки асосии музокиротро баррасии масъалаҳои   таъминоти аҳолӣ бо оби босифати нӯшокӣ  ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар низоми обихроҷӣ ташкил дод. Дар ин робита тарафҳо барои тарҳрезии як қатор лоиҳаҳои нави ҳамкорӣ  ба мувофиқа расиданд.

Иштирокчиёни мулоқот ба саҳми Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушди Бонки Умумиҷаҳонӣ дар густариш ва таҳкими ҳамкориҳо баҳои баланд дода, зикр намуданд, ки то имрӯз дар доираи кӯмакҳои молиявии ин ниҳод дар шаҳри Душанбе дар самти таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва дигар унсурҳои вобаста ба он корҳои зиёде ба субут расонда шудаанд.

Дар вохӯрӣ дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гардид.