Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
31 Июль 2017

Дар бораи баргузор намудани тендер оид ба вобаста намудани хатсайри мусофирбарӣ байни интиқолдиҳандагон  дар шабакаи хатсайрҳои шаҳри Душанбе                                

    

Бо мақсади таъмини сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе бо хизматрасонии босифати мусофиркашонӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои рақобати солим дар бозори хизматрасонии нақлиётӣ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақлиёт»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

1. Комиссияи тендерӣ дар ҳайати замимагардида тасдиқ карда шавад.

  2. Комиссияи тендерӣ ҷиҳати интихоби субъекти хизматрасон дар хатсайри пилотии мусофирбарии дохилишаҳрии 50 «Маҳаллаи Чоряккорон - Терминали мусофирбарии ҶСП «Фароз» ҳуҷҷатҳои заруриро барои гузаронидани озмун мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон омода намуда, эълон, баргузорию ҷамъбасти онро тариқи иштироки номаҳдуди довталабон таъмин намояд ва натиҷаи озмунро барои тасдиқ ба Раиси шаҳри Душанбе манзур созад.

3. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе»  ва «Рӯзномаи Паёми Душанбе» қарори мазкурро тариқи воситаҳои ахбори омма васеъ инъикос намоянд.

4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе – сарпарасти соҳа вогузор карда шавад.

          

                                                                                    Рустами Эмомалӣ