Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
1 Август 2017

Дар бораи  амалисозии лоиҳаи «Низоми  пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе»                        

 

 Бо мақсади қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе ба хизматрасонии сифати баланд, фароҳам овардани фазои мусоид барои рақобати солим дар бозори хизматрасониҳои нақлиётӣ мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақлиёт»

                                   ҚАРОР МЕКУНАМ:

       1. Нақшаи чорабиниҳои замимагардида ҷиҳати дар амал татбиқ намудани лоиҳаи «Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе» тасдиқ карда шавад.             

       2. Ба инобат гирифта шавад, ки маблағгузории лоиҳаи мазкур дар доираи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ аз ҳисоби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто» дар асоси нақшаи чорабиниҳо, тибқи банди 1 қарори мазкури тасдиқгардида, амалӣ карда мешавад.

            3. Муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа бо тартиби муқарраршуда ба ҳуҷҷатҳои зарурӣ оид ба ин масъалаҳо имзо гузорад.

        4. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва «Рӯзномаи Паёми Душанбе» қарори мазкурро тариқи воситаҳои ахбори омма васеъ инъикос намоянд.

        5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа вогузор карда шавад.

 

                                                                                                                                                                                                                       Рустами Эмомалӣ