Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
1 Август 2017

 

 ш. Душанбе, 01.08.2017,    Имрӯз дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли ҷавонон ва 20-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ дар шаҳраки 104-уми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе иншооти варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ  ифтитоҳ гардид, ки пурра бо шароити мусоид барои истироҳату фароғат ва варзишу бозии кӯдакон таъмин мебошад.   

Иншооти варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ барои сокинони шаҳраки 104-уми ноҳияи Синои пойтахт ҳамчун тӯҳфаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Соли ҷавонон ба истифода дода шуд.

Иншооти мазкур аз майдончаи универсалӣ барои бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол, майдончаи бозию дилхӯшии кӯдакон, муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ, нишастгоҳҳо барои истироҳату фароғати сокинон, айвон барои гузаронидани расму анъана ва чорабиниҳои оммавӣ ва нишасткурсиҳои сершумор дар атрофи майсазорҳо иборат буда, он дар масоҳати 5792 метри мураббаъ доман паҳн кардааст. 

Зимни шиносоӣ бо шароит дар иншооти варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба сифати корҳои иҷрогардида таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид доштанд, ки ин ва дигар иншооти сохташаванда дар пойтахт барои истироҳату фароғати сокинони шаҳр ва махсусан бобати ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим фаро гирифтани наврасону ҷавонон пешбинӣ гардидаанд, бояд солҳои зиёд ба мардум хизмат расонанд. 
Бо бунёди иншооти варзишӣ, фарҳангӣ ва фароғатӣ дар ин гӯшаи шаҳри Душанбе барои сокинон ва махсусан барои наврасону ҷавонон шароити арзандаи варзишу тамрини бадан фароҳам оварда шудааст.

 

Ифтитоҳи майдончаи варзиширо ҷавонони шаҳраки 104-уми ноҳияи Синои пойтахт бо қаноатмандӣ ҳамчун тӯҳфаи арзанда дар Соли ҷавонон қабул доштанд. 

Сокинони шаҳрак бошанд,бунёди чунин як маҷмааи муосири варзишию фароғатиро самараи таваҷҷуҳу ғамхориҳои роҳбарияти олии мамлакат нисбат ба аҳолӣ ва махсусан занон маънидод намуданд. 

Иншооти варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ бо дарназардошти машқу тамрини нафарони дорои имконияташон маҳдуд бунёд гардида, минбаъд дар он ин табақаи ҷомеа ба машқу тамрин машғул мешаванд.

Дар рӯзи ба истифода додани иншооти мазкур аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба варзишгарони дорои имкониятҳои маҳдуд туҳфаҳои роҳбарияти шаҳри Душанбе тақдим гардид. 

Иншооти варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ дар пайравӣ аз дастуру супоришҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи нақша - чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Сементи Тоҷик» бо маблағи беш аз як миллиону 50 ҳазор сомонӣ сохта шудааст. Бо бунёди ин ва дигар иншооти варзишӣ ва фарҳангию  фароғатӣ дар шаҳраку маҳаллаҳои шаҳри Душанбе дар баробари фароҳам омадани шароити арзандаи истироҳату фароғати сокинон, тамрину ба варзиш машғул шудани ҷавонону наврасон ва бозию дилхӯшии кӯдакон гӯшаҳои гуногуни пойтахт ободу зебо мегарданд, ки ин аз ҳадафҳои созандаи роҳбарияти шаҳри Душанбе дар самти мутобиқ намудани пойтахти кишвар ба меъёрҳои мусоири шаҳрсозӣ ба шумор меравад.