Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
4 Август 2017

 Дар бораи гузаронидани Озмун барои пайдо кардани ҳуқуқи хизматрасонӣ бо  нақлиёти  автомобилӣ  дар хатсайрҳои мунтазами  шаҳрии ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ

 

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои пайдо кардани ҳуқуқи хизматрасонӣ бо нақлиёти автомобилӣ дар хатсайрҳои мунтазами шаҳрии ҳамлу нақли мусофирон Озмун эълон мекунад, ки 5 сентябри соли 2017 дар суроғаи ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 80, ҳуҷраи 28 (ошёнаи 3) баргузор мегардад.

Дар Озмун як лот дар доираи 2 хатсайр пешниҳод мегардад:

-хатсайри №50 (Ҷамоати Чоряккорон - Терминали мусофир-барии ҶСП “Фароз” ва хатсайри №28 (маҳаллаи Зарафшон - КВД “Насби нақлиёти барқӣ (троллейбус) ва велосипед”.

Дар Озмун шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ новобаста аз шакли моликияташон, ки дорои воситаи нақлиёти худи ё тибқи қонун ба он моликанд ва иҷозатномаи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ҷиҳати дарёфти ҳуқуқи амалӣ намудани ҳамлу нақли мусофирон ҳамчун ширкати нақлиёти автомобилии истифодаи умум мебошанд, иштирок карда метавонанд.

Дархостҳо бояд дар лифофаи маҳкам, муҳрзада то соати 1700 4 сентябри соли 2017 ба шуъбаи нақлиёти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод карда шаванд.

Озмун рӯзи 5 сентябри соли 2017 соати 1000 дар толори калони маҷлисгоҳи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, хиёбони Рудакӣ-80 баргузор мегардад

Хоҳишмандон барои гирифтани маҷмӯи ҳуҷҷатҳои озмун бояд ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба суроғаи хиёбони Рудакӣ 80, ҳуҷраи 28 (ошёнаи 3),  бо дархости хаттӣ муроҷиат намоянд.

         Довталабон метавонанд, маълумоти иловагиро тавассути телефони зерин дастрас намоянд.

Телефонҳо: 221-83-56,  935 - 85-00-94