Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
4 Август 2017

Дар бораи ташкил ва баргузор намудани ярмаркаҳои маҳсулоти кишоварзӣ дар арафаи иди Қурбон дар шаҳри Душанбе

 

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани иди Қурбон ва таъмини бозори истеъмолии шаҳри Душанбе бо маҳсулоти кишоварзӣ ва рақобати солим, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»                   

 

Қ А Р О Р  М Е К У Н А М:

 

1. Раёсати рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, роҳбарони бозорҳои коммуналии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ҷиҳати ташкил намудани ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия ва кишоварзӣ дар арафаи иди Қурбон аз 3 август то 5 сентябри соли 2017 дар назди бозорҳои коммуналии шаҳри Душанбе чораҳои зарурӣ андешанд.

2. Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, Раёсати рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот» бахшида ба иди Қурбон аз 26 август то 5 сентябри соли 2017 дар ҷойҳои зерин ярмаркаи фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия ва кишоварзиро ташкил намоянд:

- дар таваққуфгоҳи автомобилии назди маркази савдои ҶДММ «Ёвар» барои хоҷагиҳо ва корхонаю ташкилоти кишоварзии вилояти Суғд, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот»;

- дар майдончаи назди бозори «Қарияи боло»-и КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» барои хоҷагиҳо ва корхонаю ташкилоти кишоварзии шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Шаҳринав, Ҳисор, Рӯдакӣ, Ваҳдат, Файзобод, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот»;      

- дар кӯчаи Ҳусейнзода, 36 (назди Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) барои хоҷагиҳо ва корхонаю ташкилоти кишоварзии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот»;   

- дар қисмати ҷанубии Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии Дӯстии халқҳо» барои хоҷагиҳо ва корхонаю ташкилоти кишоварзии вилояти Хатлон, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот».

 3. Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва Раёсати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе», Раёсати назорати давлатии байтории шаҳри Душанбе ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе дар арафаи иди Қурбон ярмаркаи фурӯши чорвои майдаи шохдорро дар назди саллоххонаҳои ҳудуди шаҳри Душанбе ва саллоххонаи ҶДММ «Ёвар-11» ташкил намоянд, аз ҷумла:

- дар ноҳияи Фирдавсӣ дар назди бинои ҶДММ «Комбинати гӯшту консерва»-и шаҳри Душанбе, воқеъ дар кӯчаи Фучик, 4;

- дар ноҳияи Сино дар назди ҶДММ «Ангара», воқеъ дар маҳаллаи Роҳи нав;

- дар ноҳияи И.Сомонӣ дар назди Маҷмааи бойторӣ, воқеъ дар хиёбони Ҳ.Шерозӣ (дар назди МБГ-2);

         - дар корхонаи замонавии забҳи чорвои ҶДММ «Ёвар-11», воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ.

4. Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва  Раёсати назорати давлатии байторӣ бо ҷалби раисони маҳаллаҳои шаҳри Душанбе ҷойҳои муваққатии забҳи чорворо ташкил намоянд.

         5. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷиҳати пешгирии забҳи чорвои қурбонӣ дар ҷойҳои муқаррарнашуда чораҳои амалӣ андешад.

6. Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва Раёсати назорати давлатии байторӣ ҷиҳати назорати сифати маҳсулоти ба ярмаркаҳо воридшуда тадбирҳои дахлдор андешанд.

7. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, Раёсати назорати давлатии байторӣ, Шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ва имомхатибҳои масҷидҳои шаҳри Душанбе оид ба қоидаҳои қурбонӣ намудан аз лиҳози динӣ ва санитарию эпидемиологӣ барномаи махсус таҳия намуда, онро аз тариқи воситаҳои ахбори омма пахш намоянд.

8. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва «Паёми Душанбе» ҷараёни иҷрои қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма инъикос намоянд.

9. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа вогузор карда шавад.

 

                                                                         Рустами  Эмомалӣ