Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
14 August 2017

ш.Душанбе, 11.08.2017,  Имконияти хуби пазироӣ бо хизматрасонии сатҳи олӣ, шароити мувофиқ ба ронандагону мусофирон ва муоинаи воситаҳои нақлиёт дар дилхоҳ вақту соат бо ифтитоҳи терминали мусофирбарии «Озод транс» дар даромадгоҳи қисмати шарқии шаҳри Душанбе фароҳам омад.

Дар маросими баистифодадиҳии терминали нав намояндагони  масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, н.Шоҳмансур, мутахассисону коршиносони  соҳа иштирок намуданд. Сохтмони иншооти мазкур ниммаи дуюми соли 2015 оғоз гардида, аз ҷониби ҶДММ «Озод интернейшнл» дар зарфи ду сол  ба истифода дода шуд ва дар корҳои бунёдӣ беш аз 50 нафар сокинони маҳаллӣ иштирок намуданд.

Терминали мусофирбарии «Озод транс» дар майдони 1,48 гектар ҷойгир буда, аз таваққуфгоҳ бо ғунҷоиши то 300 адад воситаи нақлиёти гуногунҳаҷм, бинои маъмурӣ, нуқтаи шустушӯй ва таъмири воситаҳои нақлиёт иборат мебошад. 
 
Маблағи лоиҳавии иншоот 3 миллиону 938 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин ҳисоб 1 миллиону 181 ҳазор сомонӣ барои харид ва дастрас кардани таҷҳизоту васоити техникӣ равона гардидааст.

Бинои асосии терминал аз се ошёна иборат буда, дар ошёнаи аввал толори интизорӣ бо ғунҷоиши то 90 нафар дар як вақт, ошхона барои 60 нафар, нуқтаи муоинаи тиббӣ, хонаи модару кӯдак ва дигар утоқҳои корӣ ҷойгиранд. Зимни шиносоӣ бо шарту шароити дар ин ҷо муҳайёгардида, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба масъулон бобати таъмини хизматрасонии хубу босифат ба ронандагону мусофирон маслиҳатҳои муфид доданд.

Роҳбарияти ҶДММ «Озод интернейшнл» бунёди чунин як иншооти замонавиро самараи оромию суботи кишвар, фароҳамии фазои хуби соҳибкорӣ ва саҳм гузоштан дар ободонии пойтахти мамлакат -  шаҳри Душанбе арзёбӣ кард. 
 
Аз терминали мусофирбарии «Озод транс» тибқи нақша мусофироне, ки тавассути хатсайрҳои Душанбе-Ваҳдат, Душанбе-Файзобод, Душанбе-Оби Гарм, Душанбе-Роғун ва Душанбе-ноҳияҳои водии Рашт  ба сафар мебароянд, истифода мекунанд.

Дар баробари ин оғози ҳаракати 7 хатсайри нақлиёти мусофирбари шаҳрӣ, аз ҷумла автобусҳои рақамҳои 2, 7, инчунин микроавтобусҳои №2, №5, №5а, №18, №43, ки ба сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе хизмат мерасоанд, аз ҳамин маҳал сарчашма мегирад.

Фаъолияти терминал ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ монда шуда, барои мусофирону ронандагон  имкониятҳои мусоид  фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, дар ошёнаҳои дуюму сеюми бинои асосии терминал 15 ҳуҷраи хоби яккаса ва оилавӣ барои  35 нафар бо шароитҳои олӣ ва миёна мавҷуд аст, ки шаҳрвандон дар ҳолатҳои зарурӣ аз онҳо истифода мекунанд.  
 
Дар як қисмати терминал нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ҳам бунёд гардидааст, ки ба муштариён хизматрасонии босифатро пешкаш мекунад. Дар маҷмуъ бо оғози фаъолияти терминали мусофирбарӣ аз 35 то 40 нафар бо кори доимӣ таъмин шуданд. Роҳбарияти ҶДММ «Озод интернейшнл» нақша дорад, ки оянда бо васеъ намудани ҳудуди терминал ва бунёди иншооти иловагии хизматрасонӣ, шумораи зиёдтари сокинонро соҳиби ҷойи кор намояд.