Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
14 August 2017

Дар бораи гузаронидани озмунҳои шаҳрии «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин»

                                                                                  

Бо мақсади таъмини иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2017, №АП-862 ва сазовор таҷлил намудани 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

                                         

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

1. Ҷиҳати муаяйн намудани беҳтарин маҳалла ва кӯча бахшида ба ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмунҳои шаҳрии «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» гузаронида, дар арафаи таҷлили ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст карда шаванд.

2. Ҳайати Комиссияи шаҳрӣ барои муаяйн намудани ғолибони озмунҳои «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» тибқи замимаи 1 тасдиқ гардида, он фаъолияти худро дар асоси қоидаҳои гузаронидани озмун тибқи замимаи 2 ва варақаҳои арзёбии фаъолияти маҳалла ё кӯча ба роҳ монад.

3. Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи ноҳия баргузор намудани ҳамин гуна озмунҳо ва то 20 августи соли 2017 ҷамъбаст намудани натиҷаҳои он тадбирҳои зарурӣ андешанд.

4. Комиссияи шаҳрӣ натиҷаҳои озмунҳоро бо дарназардошти номзадҳои аз тарафи комиссияҳои ноҳиявӣ пешниҳодгардида то 1 сентябри соли 2017 ҷамъбаст намояд.

5. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе маблағи мукофотҳои пулиро барои «Маҳаллаи беҳтарин» - 20 000 (бист ҳазор) сомонӣ ва «Кӯчаи беҳтарин»-10 000 (даҳ ҳазор) сомонӣ ба муҳосиботи дастгоҳи  Раиси шаҳри Душанбе ҷудо намояд.

6. Муовини  Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳаи ободонӣ ва бахши муҳосиботи дастгоҳи  Раиси шаҳри Душанбе барои дар рӯзҳои ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври тантанавӣ ба ғолибони озмунҳо супоридани мукофоти пулӣ ва Дипломи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо зикри соли озмун, навиштаҷоти «Маҳаллаи беҳтарин» ё «Кӯчаи беҳтарин» тадбирҳои зарурӣ андешанд.

  7. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи  Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монад.

8. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шахри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

 

 

 

                                                                           Рустами Эмомалӣ