Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
18 August 2017

 Дар бораи таъсиси Шӯрои машваратии назди Раиси  шаҳри  Душанбе  оид  ба таҳия, такмил ва истифодабарии технологияҳои навин

 

Бо мақсади роҳандозӣ ва истифодаи оқилонаю самараноки технологияҳои муосир, фароҳам овардани шароити мусоиди техникию технологӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тавассути ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, кӯмак намудан ба муассиса ва корхонаю ташкилотҳои зерсохтори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

    1. Низомномаи Шӯрои машваратии назди Раиси шаҳри Душанбе оид ба такмил ва татбиқи технологияҳои навин ва ҳайати он тибқи замимаҳои 1 ва 2  тасдиқ карда шаванд.

    2. Шӯро фаъолияти худро дар асоси қонунгузории амал-кунанда ва Низомномаи номбурда ба роҳ монад.

  3. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монад.

  4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа вогузор карда шавад.

 

  

                                                                     Рустами Эмомалӣ