Душанбешаҳр
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
24 August 2017

 Дар бораи ҷамъбасти натиҷаи озмунҳои шаҳрии «Мактаби сол», «Директори сол», «Муаллими сол», «Кӯдакистони сол», «Мудири кӯдакистони сол», «Мураббии сол», «Синфи беҳтарини сол», «Волидайни беҳтарини сол» ва ҳавасмандгардонии ғолибону иштирокчиёни фаъоли озмунҳои касбии соҳаи маорифи шаҳри Душанбе

 

           Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар машварати васеи кормандони соҳаи маорифи кишвар аз 22 декабри соли 2005, қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе аз 19 майи соли 2006, №224 “Дар бораи дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии моддӣ-маънавии кормандони соҳаи маориф ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахт”, аз 4 декабри соли 2012, №743 “Дар бораи баргузории озмуни шаҳрии “Волидайни беҳтарини сол” мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»                                                                                      

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

           1. Протоколи комиссияи озмунҳои шаҳрии «Мактаби сол», «Директори сол», «Муаллими сол», «Кӯдакистони сол», «Мудири кӯдакистони сол», «Мураббии сол», «Синфи беҳтарини сол» ва «Волидайни беҳтарини сол», ки ғолибон ва иштирокчиёни озмунро муайян намудааст, тибқи замимаи 1 тасдиқ карда шавад.

 2.Ҳисобномаи ҳавасмандгардонии молиявии ғолибони озмунҳои касбии соҳаи маорифи шаҳри Душанбе “Директори сол”, “Муаллими сол”, “Кӯдакистони сол”, “Мураббии сол”, “Синфи беҳтарини сол”, “Волидайни беҳтарини сол” тибқи замимаи 2 тасдиқ карда шавад.

3. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе тибқи ҳисобномаи замимаи 2 аз ҳисоби маблағҳои ба ин мақсад дар буҷети соҳаи маориф пешбинишуда 46700 (чилу шаш ҳазору ҳафсад) сомонӣ ба Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе барои сарфароз гардонидани ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмунҳо ҷудо намояд.

4. Муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.М., шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҷиҳати дар фазои тантанавӣ бо мукофотҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонидани ғолибони озмунҳои касбии соҳаи маорифи шаҳри Душанбе чораандешӣ намоянд.

5. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

6. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе” ва рӯзномаи “Паёми Душанбе” инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.

7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

 

                                                      

                                      Рустами Эмомалӣ