Маркази барқу гармидиҳии -2 Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
25 Август 2017

 ш.Душанбе, 25.08.2017.  Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами  Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҳю Стенли Филпотт мулоқот карданд.

Дар вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Британияи Кабир мавриди баррасӣ  қарор дода шуд.  

Иштирокчиёни мулоқот ба рушду густариши робитаҳои иқтисодӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода, зикр намуданд, ки ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии ҷонибҳо дар марҳилаи рӯ ба тараққӣ қарор дорад.

Дар ҷараёни музокирот таъкид гардид, ки Департаменти Рушди Байналмилалии Британияи Кабир тасмим гирифтааст, дар татбиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе то соли 2025 саҳмгузорӣ кунад.

Ҷонибҳо омодагии худро дар бо сатҳу сифати нав ва  мазмуни тоза пурра намудани ҳамкориҳои дуҷониба ва   таҳкими робитаҳои дӯстии мардумони ду кишвар изҳор доштанд.  

Дар мулоқот дигар мавзуъоти мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гардид.