Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
10 January 2011

10 январи соли 2011 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ таҳти раёсати  Маҳмадсаид Убайдуллоев доир гашт.

Дар ҷаласа қабл аз ҳама Маҳмадсаид Убайдуллоев фаъолони пойтахтро бо охирин тағйироти кадрии аз ҷониби Президенти мамлакат дар шаҳри Душанбе андешида: Қурбонов Аламхон Ҷалилович- раиси ноҳияи И. Сомонӣ, Алиев Саиднуридин Акрамович – раиси ноҳияи Фирдавсӣ ва Хайруллоев Насрулло Муродович- муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе шинос карда, бо таманниёти муваффақият ва масъулият дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба ҳар кадоми онҳо масоили мубрами хоҷагидории шаҳрро матраҳ намуд.

Дар ҷаласа таваҷҷўҳи маъсулини шаҳру ноҳияҳоро ба таъмини нақшаи чорабиниҳои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №553 аз 31 октябри соли 2008 «Дар бораи омодагӣ ба ҷашни 20-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар асоси он  беш аз 200 иншооти  ҷашнӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетиву соҳибкорон сохта ба истифода дода мешаванд, нигаронида, дастур фармуд, ки аз натиҷаи иҷрои он дар таносуби ноҳияҳо бо пешбарии омори ҳамарўза унвонии Раиси шаҳр ахбори расмӣ ирсол доранд.

Дар ин зимн таъкид сохт, ки оид ба иҷрои нақшаҳои мутазаккира муовини соҳавии Раиси шаҳр Р. Таваров ва раисони ноҳияҳо масъулияти шахсӣ мебаранд.

Дар робита ба истифодаи мақсадноку самараноки қитъаи замин дар шаҳр ва азхудкунии он дар асоси талаботи Нақшаи генералӣ зикр гардид, ки бо сабаби камбуди қитъаи замин ва дар баррасии шаҳрдорӣ беш аз 25 ҳазор аризаву муроҷиатҳои шаҳрвандон барои қитъаи замин  оид ба бунёди манзили истиқоматии индивидуалӣ қарор дорад, минбаъд бо тақозои ин реалияти объективӣ муроҷиатҳои шаҳрвандон на барои сохтмони манзилҳои индивидуалӣ, балки танҳо барои сохтмони биноҳои баландошёнаи бисёрквартирадори истиқоматӣ қабул карда шавад.