Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
28 Август 2017

  Дар бораи баргузор намудани Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Истиқлолият ва нақши он дар ташаккули ҳувияти миллӣ»

 

Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ҳувияти миллии сокинони пойтахт ва иҷрои банди 5 Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 20 июли соли 2017, №394 тасдиқ гардидааст, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»   

                                                                                           

ҚАРОР   МЕКУНАМ

 

1. Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Истиқлолият ва нақши он дар ташаккули ҳувияти миллӣ»  6 сентябри соли 2017, соати 0900 дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» баргузор карда шавад.

2. Муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.М., шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ доир намудани конференсияи мазкур тадбирҳо андешанд.

3. Муассисаи давлатии “Душанбе – Плаза” ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардидани чорабинии мазкур ҳамаҷониба мусоидат намояд.

4. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳрӣ маблағи 9040 (нуҳ ҳазору чил) сомонӣ тибқи харҷномаи замимагардида ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷудо намояд.

5. Бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пардохти саривақтии маблағи ҷудошударо тибқи тартиби муқаррагардида таъмин намояд.

6. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе», рӯзномаи «Паёми Душанбе» қарори мазкур ва рафти баргузории чорабиниро тариқи воситаҳои ахбори омма васеъ инъикос намоянд.

7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

 

                                                       

                                                                 

                                                                  Рустами Эмомалӣ