Шаршара дар Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
31 Август 2017

 Дар бораи тасдиқи Нақшаи  чорабиниҳо оид ба шинонидани ниҳолҳои дарахтону буттаҳо ва гулҳои мавсимию бисёрсола дар мавсими тирамоҳи соли 2017 ва баҳори соли 2018

 

Бо мақсади иҷрои банди 38 протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 26 июли соли 2017, №7 оид ба таҳия ва тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинонидани ниҳолҳо ва гулҳои мавсимӣ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»                                                                                   

                                                    Қ А Р О Р  М Е К У Н А М:

1. Нақшаи чорабиниҳо оид ба шинонидани ниҳолҳои дарахтону буттаҳо ва гулҳои мавсимию бисёрсола дар мавсими тирамоҳи соли 2017 ва баҳори соли 2018 тибқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шаванд.

2. Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои замимагардида чораҳои зарурӣ андешида, аз натиҷаи он ҳар моҳ ба Раиси шаҳри Душанбе ахборот пешниҳод намоянд.

3. Корхона, ташкилоту муассиса ва дигар субъектҳои хоҷагидории дар шаҳри Душанбе фаъолиятдошта новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ дар гирду атрофи мавзеи худ бо риояи талаботи агротехникӣ бо тавсияи мутахассисони соҳа шинонидани ниҳолҳои дарахтону буттаҳо ва гулҳои мавсимию бисёрсоларо дар тирамоҳи соли 2017 ва баҳори 2018 ба роҳ монда, нигоҳубини минбаъдаи онҳоро таъмин намоянд.

4. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии Рӯзномаи “Паёми Душанбе” инъикоси  қарори мазкурро аз тариқи воситаҳои ахбори омма ба роҳ монанд.

5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

    

                                                                                                                                                                                                                                                    Рустами Эмомалӣ