Ҳайкали сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар боғи ба номи ӯ ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
15 September 2017

 Дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1990-1999 ба хизмати ҳарбӣ

 

Бо мақсади татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 сентябри соли 2017, №934 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқар-раргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1990-1999 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 23 ва 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадориҳои умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа»                                                         

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 1.  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 сентябри соли 2017, №934 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1990-1999 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» мавриди иҷрои ҳатмӣ қарор дода шавад.

2. Ба инобат гирифта шавад, ки тибқи Фармони мазкур моҳҳои октябр–ноябри соли 2017 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синну соли калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баталиони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд.

         3. Комиссияи даъвати шаҳри Душанбе дар ҳайати  замимагардида таъсис гардида, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе вазифадор карда шаванд, ки комиссияҳои ноҳиявиро  таъсис диҳанд.

4. Комиссариатҳои ҳарбӣ ва раисони комиссияҳои даъвати шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он даъвати шаҳрвандонро аз ҳисоби даъватшавандагони ба таври дақиқ интихобшуда ба қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъиноти махсус, бо таваҷҷуҳ ба хусусиятҳои хоси хизмат дар ин воҳидҳо ва дар навбати аввал пуррагардонии онҳо бо иштироки намояндагони мақомоти амният ва корҳои дохилӣ амалӣ намоянд.

5. Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ба комиссияҳои даъват духтурони ботаҷриба ва дигар кормандони соҳаи тиб, ки малакаи амалии кор дар комиссияро доранд, сафарбар карда, онҳоро бо воситаҳои лозимӣ ва ҳангоми зарурат бо мошинҳои ёрии таъҷилӣ таъмин намояд.

6. Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе (Самӣ Ш.Ҳ., Салимзода Н.Ф., Ҳакимзода Н.Ҳ. ва Табарзода Ҷ.А.):

- ба ихтиёри комиссариатҳои ҳарбӣ аз корхона, муассиса ва ташкилотҳо 10 (даҳ) нафарӣ кормандони техникиро сафарбар намоянд;

- доир ба ташкил ва баргузории чорабиниҳои «Рӯзи даъватшаванда», тарғибу ташвиқи хизмати ҳарбӣ ва муқаррароти конститутсионӣ дар бораи вазифаҳои муқаддаси шаҳрванд оид ба ҳифзи Ватан тадбирҳо андешанд;

- ба таври тантанавӣ гусел намудани даъватшавандагонро ба қисмҳои ҳарбӣ ба роҳ монанд;

- ҳар даҳрӯза аз натиҷаҳои корҳои иҷрошуда ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ахбороти хаттӣ пешниҳод намоянд.

7. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо, роҳбарони корхона, муассиса ва ташкилотҳо барои дар нуқтаи ҷамъшавии даъватшавандагон дар давраи даъвати шаҳрвандон ва гусели онҳо ба қисмҳои ҳарбӣ мувофиқи дархостҳо нақлиёти автомобилиро ҷудо намоянд.

8. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе:

- ба комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини ҳозиршавии даъватшавандагон ба нуқтаҳои  даъватӣ кӯмак расонанд;

- нисбати шахсоне, ки аз даъват ба хизмати ҳарбӣ саркашӣ мекунанд, корҳои лозимии пешгириро амалӣ намуда, ҳозиршавии онҳоро таъмин намоянд;

- нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятиро дар рӯзҳои даъват ва гусели даъватшавандагон ба қисмҳои ҳарбӣ таъмин карда, бо ин мақсад шумораи лозимии кормандонро мутобиқи дархости комиссариатҳои ҳарбӣ таъмин намоянд.

9. Комиссари ҳарбии шаҳри Душанбе ҳар даҳрӯза дар бораи раванди даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ва то 5 декабри соли 2017 оид ба натиҷаи он ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ахборот пешниҳод намояд.

10. Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раёсатҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» дар ҳамоҳангӣ бо Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе омодагӣ ва рафти даъвати шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ҳаматарафа инъикос намуда, хизмати ҳарбиро ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд ташвиқу тарғиб намоянд.

11. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

                                              

                                           

                                                                      Рустами Эмомалӣ