«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе. Дар ҳамин қаср мулоқотҳо байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарони давлатҳои хориҷа мегузарад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
14 January 2011

14 январи соли 2011 дар КВД “Маркази равобити пойтахт” таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки фаъолони пойтахт, институтҳои шаҳрвандии шаҳр  ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ҷаласаи ҷамъбасти рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар соли 2010 баргузор гардид.  Дар кори ҷаласа муовини аввали Савазири ҷумҳурӣ Асадулло Ғуломов ва раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» Абдулло Ёров ширкат варзиданд.

Дар ҷаласа, аз ҷумла зикр гардид, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе фаъолияти худро дар соли  сипаригардида баҳри татбиқи барномаҳои тараққиёти иқтисодию иҷтимоии шаҳр, ки ба густариши ислоҳот дар соҳаҳои хоҷагии шаҳр ва инфраструктураи он, рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ нигаронида шуда буданд, равона намуда, иҷроиши  нишондиҳандаҳои асосии нақшавиро аз лиҳози оморӣ ба таври зайл таъмин намуд:

Нишондодҳои соли 2010. (MS Word)

31 корхонаҳои саноатии шаҳр ё 14,4 фоиз аз 1,5 то 5 маротиба ва аз ин зиёд ҳаҷми истеҳсолро нисбат ба соли 2009 афзоиш доданд ва дар соли ҳисоботӣ 22 корхонаи нав ташкил карда шуд, ки онҳо ба истеҳсоли маҳсулоти нафту химиявӣ, коркарди мошинсозӣ ва металл, маводи сохтмон, саноати сабук, коркарди хӯрока ва саноати полиграфӣ  машғул буда, ба маблағи 13,2 млн. сомонӣ  маҳсулот истеҳсол намуда, зиёда аз 200 нафарро бо ҷойҳои нави корӣ таъмин намуданд.

Ҳаҷми умумии маблағгузорӣ 897,2 млн. сомонӣ, аз ҷумла корҳои сохтмону васлгарӣ 803,5 млн. сомониро ташкил дод. Ин нишондодҳо нисбати ҳамин давраи соли 2009 мутаносибан 166,0 ва 175,3 млн. сомонӣ зиёд буда, мувофиқан 122,7% ва 127,9%-ро ташкил медиҳанд.

Дар маҷмӯъ 181817 метри мураббаъ манзил, аз ҷумла 167417 м2  дар шаҳр сохта ба истифода дода шуд, ки нисбати соли 2009-ум дар шаҳр 7212 метри мураббаъ зиёд мебошад. Аз масоҳати умумии ба истифода додашуда 6554 метри мураббаъ аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ, 54888 метри мураббаъ аз ҳисоби маблағҳои ҷамъиятҳои дорои масъулияташон маҳдуд, 58967 метри мураббаъ аз ҳисоби маблағҳои аҳолӣ, 41553 метри мураббаъ аз ҳисоби маблағҳои соҳибкорони инфиродӣ, 14400 м2 дар шаҳри Кӯлоб аз ҳисоби сохторҳою соҳибкорони шаҳр ва 5455 метри мураббаъ аз ҳисоби маблағҳои хориҷӣ сохта шудааст.

Аз тарафи 204 ташкилоти пудратӣ ба маблағи 436,1 млн. сомонӣ корҳои пудратӣ иҷро шудааст, ки нисбати соли 2009-ум 76,4 млн. сомонӣ ё 21,2 фоиз зиёд мебошад. Музди миёнаи меҳнати сохтмончиён дар як моҳ ба ҳолати январ-ноябри соли ҳисоботӣ ба 982 сомонӣ баробар гардид, ки ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли 2009-ум 769 сомониро ташкил медод, яъне беш аз 27,7 фоиз зиёд гардид.

Раёсати сохтмони асосии шаҳр 196,9 млн. сомонӣ маблағгузории асосиро иҷро намуд, аз ҷумла 161,2 млн.сомониро корҳои сохтмонию васлкунӣ ташкил медиҳад, ки нисбати нишондодҳои соли 2009 мутаносибан 2 маротиба зиёд мебошад.

Дар соли ҳисоботӣ иҷрои корҳои сохтмониро дар 76 иншоот оғоз намуда, аз ин 49 иншоотро ба истифода супорид.

Айни ҳол Раёсат сохтмони мактаби таҳсилоти умумӣ барои 660 ҷой дар маҳаллаи Камоли Хуҷандии ноҳияи Шоҳмансур, корпусҳои иловагиро барои 2780 ҷойҳои нави нишасти хонандагон дар 6 иншооти дигар босуръат ба роҳ мондааст, ки онҳоро дар соли ҷорӣ мавриди истифода қарор хоҳад дод.

Қобили зикр мебошад, ки Раёсат дар соли 2010 сохтмони нӯҳ майдончаҳои варзишию фароғатиро дар ноҳияҳои шаҳр ба маблағи 2868,0 ҳазор  сомонӣ ба анҷом расонида, мавриди истифода қарор дод ва дар соли ҷорӣ ин иқдом идома ёфта, бунёди 9 майдонҳои муосири варзишии бозии футбол, ки тарҳрезӣ гардидаанд ва бо алафи сунъӣ рӯйпӯш мегарданд аз ҳисоби буҷети шаҳр сохта ба истифода дода мешаванд.

Инчунин сохтмони як идда иншооти варзишӣ, пеш аз ҳама   Маҷмааи варзишӣ бо ҳавзи шиноварӣ дар қисмати ҷанубу шарқии бозори “Султони Кабир”, воқеъ дар кӯчаи Н. Қарабоев дар масоҳати 1,32 га ва комплекси мӯҳташами варзишии замонавӣ ҳамчун идомаи сохтмони марҳилаи дуюми КВД “Маркази равобити пойтахт” дар арафаи Наврӯзи соли 2011 оғоз карда мешаванд.

Барои зарардидагони шаҳри Кӯлоб аз офати табиӣ Раёсат сохтмони   120   хонаи  ҳар  кадомаш дорои 4  ҳуҷраро  ба маблағи зиёда аз 19 млн. сомонӣ аз ҳисоби шаҳрдорӣ ва соҳибкорони шаҳр амалӣ намуда, мавриди истифода қарор дод.

Иҷрои корҳои сохтмонӣ-васлкунӣ дар иншоотҳои асосии ҷашнӣ ба ифтихори 20 - солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Иншооти "Душанбе-плаза", «Сохтмони Боғи фарҳангию фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт», «Таҷдиди Ипподром дар шаҳри Душанбе» бо табдилдиҳии он ба Наврӯзгоҳи пойтахт бо маҷмааи варзишӣ ва фарҳангиву фароғатӣ) мувофиқи ҷадвали тасдиқгардидаи иҷроиши корҳо, ҷараён дошта, онҳо  то ҷашни мазкур ба истифода супорида мешаванд.

Қобили зикр мебошад, ки ба муносибати ин санаи муҳим беш аз 200 иншоот дар шаҳр ба истифода дода хоҳад шуд.

Дар шаҳр ба микдори  1809,3 млн.кВт.соат қувваи барқ истифода шудааст, ки аз ин 1066,1 млн.кВт.соат ва  ё 58,9 фоиз ба аҳолӣ рост меояд.  Аз ҳисоби васеъ ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва истифодаи лампаҳои каммасраф, 194,0 млн кВт.соат ба маблағи 17,5 млн сомонӣ сарфа карда шуд ва дар ин самт минбаъд низ чораҳои комплексӣ оид ба пурзӯр намудани назорати истифодаи барқ амалӣ карда мешаванд.

Маблағи умумии ҳисобишудаи истифодаи қувваи барқ 204,5 млн.  сомонӣ, вале  ҷамъоварии  маблағ бошад 172,8 млн. сомонӣ ва ё нисбат ба нақша 84,5% -ро ташкил дода, аз тарафи аҳолӣ  ба  маблағи 94,5 млн. сомонӣ қувваи барқ истифода гардида, 73,8 млн. сомонӣ пардохт карда шудааст, ки ба 78,1%-и нақша баробар мебошад ва ин ҳолат бешубҳа боиси нигаронист.

 Ҳамзамон, талафоти технологӣ  407,2 млн.кВт.соат ва ё ба 19,0% -и миқдори қувваи барқи қабулгардида баробар аст, ки нисбати соли 2009 -ум 4,2 млн.кВт зиёд мебошад ва ин масъалаи муҳим солҳост, ки аз беэътиноии масъулини соҳа ҳалли худро наёфта истодааст.

Нақшаю чорабиниҳои тасдиқгардидаи азназаргузаронии профилактикии корхонаҳои саноатӣ ва ғайрисаноатӣ, инчунин зеристгоҳҳои трансформатории шиддати 6-10/0,4 кВ, ХИБ-0,4-6-10 кВ таъмин гардида бошанд ҳам, то ба ҳол ҳолатҳои вайронкуниҳои қоидаҳои истифодабарии қувваи барқ ҷой доранд ва ҳолати воқеъӣ беҳбудии ҷиддиро тақозо менамояд.

Барои беҳтар гардонидани ҳолати воқеии комплекси энергетикӣ ШСХК “Барқи Тоҷик” бояд ҷиҳозонидани истгоҳҳои барқиро бо ҳисобкунакҳои барқӣ ва асбобҳои назоратӣ барои муайян намудани серборӣ ва камбории онҳо ва назорати истифодабарии энергияи барқиро таъмин намояд ва вобаста ба таҷдиди ҶСК “Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе” баҳри ташкил намудани корхонаи ҳисоби хоҷагии мустақил мусоидат намуда, масъулияти фаъолияти роҳбарони сохтори шаҳриро зиёд гардонад, вагарна проблемаҳои мавҷуда бо сохтори имрӯза ҳалли худро нахоҳанд ёфт ва маҳз  ба ҳамин хотир ҳамкориҳои шаҳрдорӣ бо роҳбарияти ШСХК “Барқи Тоҷик”идома хоҳад ёфт.

Аз тарафи ҶСШК «Душанбегаз» ба корхонаву муассисаҳо ва аҳолии шаҳр дар ҳаҷми 2270,6 ҳазор м3 гази табиӣ ба маблағи 3356,8 ҳазор сомонӣ интиқол дода шудааст. Ҷамъоварии маблағи он бошад 2949,7 ҳазор сомониро ташкил дод, ки ин ба 87,9 фоиз баробар мебошад. Ба аҳолӣ ба маблағи 692,9 ҳазор сомонӣ гази табиӣ интиқол дода шуда, 475,0 ҳазор сомонии он ҷамъоварӣ карда шудааст, ки 68,5 фоизи ҳаҷми умумии гази ба аҳолӣ интиқолшударо ташкил медиҳад.

Масъалаи пардохти қарз солҳост, ки аз набудани шартномаҳои тарафайн мутобиқ ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” ҳалли худро намеёбад. Барои роҳ надодан ба қарзҳои дебиторӣ роҳбарияти “Душанбегаз” вазифадор гардидааст, ки ҳатман шартномаҳои тарафайнро бо тамоми мизоҷон ба имзо расонад.

  Дар Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе дар соли ҳисоботӣ истеҳсоли қувваи барқ 33316 ҳазор кВт.соат, истеҳсоли қувваи гармӣ бошад 58713 Гкал –ро ташкил дод, ки мутаносибан  ба 20,0 % ва 26,0% соли 2009 баробар мебошад.

Дар соли ҳисоботӣ 4481  ҳазор м3 гази табиӣ,  13968 тонна мазут  сарф гардид, ки ин нисбати  соли  2009 ба  18,0% гази табиӣ ва 33,0% мазут баробар аст. Дар маҷмӯъ, истифодаи сӯзишворӣ бо назардошти коэффисиенти ҳисобкунии мазут ба газ (К=1,2) 21243 ҳазор м3-ро ташкил дод ё худ истифодаи иқтидори истеҳсолӣ ҳамагӣ 28 фоизро ташкил додаасту халос.

Истеҳсоли маҳсулот дар корхонаи зикргардида дар маҷмӯъ 2780 ҳазор сомонӣ,  аз  ҷумла   қувваи барқ – 1938 ҳазор  сомонӣ ва қувваи гармӣ – 841 ҳазор сомониро ташкил дод, ки мутаносибан  25,0 % ва 35,0 %  соли 2009 -ро ташкил медиҳанд.

Сабаби асосии пастшавии нишондодҳо, ин бо пуррагӣ таъмин нашудани сӯзишвории асосӣ - гази табиӣ мебошад. Мувофиқи шартномаи байни тарафҳо - ҶСК “Тоҷиктрансгаз”, ҶСШК “Душанбегаз”, ШСХК “Барқи Тоҷик” ва  ҶСШК “Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе” №208/9 аз 15 июли соли 2010 бояд дар мавсими зимистонгузаронии солҳои 2010-2011 барои эҳтиёҷоти МБГ шаҳри Душанбе 130 млн. м3 гази табиӣ интиқол дода мешуд, дар асл бошад ҳамагӣ 4481 ҳазор м3 (3,5% нисбати шартнома) гази табиӣ таъмин шудааст.

Айни замон, дар Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии шаҳр захираи сӯзишвории эҳтиётӣ - мазут ба ҷои 30,0 ҳазор тоннаи мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 212 аз 3 майи соли 2010 муқарраргардида, ҳамагӣ 20,9 ҳазор тонна ворид карда шудааст.

Бинобар сабаби камбудии газ проблемаи кам истеҳсол гардидани нерӯи барқ ва  гармӣ дар Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе боқӣ мондааст.

Проблемаи бо иқтидори зарурӣ фаъолият намудани Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии Ширкати саҳҳомию холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» мутаассифона то ҳол ҳалли мусбии худро пайдо карда наметавонад, ки дар натиҷа аз камбуди истеҳсоли гармӣ омодагии системаи манзилию коммуналии шаҳр солҳост, ки бенатиҷа анҷом меёбад.

Мавсими соли ҷорӣ низ баъди оғози фаъолияти Маркази барқу гармидиҳӣ, ба ҳолати имрӯза аз 715 иншооти барои қабули гармӣ ба нақша гирифташуда, танҳо 264 иншоот гармӣ гирифта истодаанду халос, зеро бинобар норасоии  сӯзишворӣ иқтидори истеҳсоли гармӣ дар Маркази мазкур ба ҷои 3835 Гкал танҳо 1250 Гкал дар як шабонарӯзро ташкил менамояд. 

Аз буҷети шаҳри Душанбе аз оғози лоиҳа барои сохтмони дегхонаи алоҳида бо ду деги КВГМ-35-150 бо иқтидори 60 Гкал/соат дар дегхонаи «Ғарбӣ»-и Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳӣ 16,7 млн сомонӣ бо назардошти дар оянда истифодабарии қувваи барқ аз ҷониби сохторҳое, ки аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе маблағгузорӣ карда мешаванд, пешпардохт карда шуд, вале мутаасифона то имрӯз ҳаҷми корҳои иҷрошуда ҳамагӣ 34 фоизро ташкил менамояду халос. Ташкилоти соҳибтавозун ШСХК “Барқи Тоҷик” бояд дар татбиқи лоиҳаи мазкур тадбирҳои воқеиро амалӣ созад, вагарна эҳтимоли дар соли ҷорӣ низ ба истифодадиҳии ин иншоот зери суол боқӣ мемонад.

Вазъияти ҳарсола кам истеҳсол гардидани нерӯи гармӣ дар Ҷамъияти саҳҳомии навъи кушоди “Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии шаҳр”, ки зерсохтори ШСХК “Барқи Тоҷик” мебошад, роҳбарияти шаҳрро водор намуд, ки роҳҳои алтернативии паст намудани дефитсити гармиро бо роҳи барқарорсозӣ ва сохтмони дегхонаҳои нави автономӣ барои муассисаҳои соҳаҳои иҷтимоӣ пайдо намояд ва алҳол миқдори дегхонаҳои фаъолияткунанда дар 3 соли охир аз 2 адад то 13 адад зиёд карда шудаанд. Аз ҷумла, дар давраи ҳисоботӣ дегхонаи Беморхонаи ҳамшираҳои шафқат дар кӯчаи Фирдавсӣ-86 ба маблағи 652,4 ҳазор сомонӣ ва дегхонаи Маркази тиббии шаҳрии №1 дар кӯчаи Фучик-16 ба маблағи 630,9 ҳазор сомонӣ сохта, ба истифода дода шуданд.

Иҷроиши воридоти андозҳо ва ҳаргуна пардохтҳои ғайриандозӣ ба буҷет аз рӯи контингенти умумии даромадҳо (бе назардошти андози иҷтимоӣ) 908,6 млн. сомонӣ ё ин ки 110,4 фоизи нақшаи аниқшударо ташкил дод, ки нисбати соли 2009-ум 27,9 фоиз зиёд мебошад.

Иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ (ғайрибуҷетӣ) дар соли сипаришуда 101,4 фоиз таъмин гардида, ба ҷои 238,2 млн. сомонии нақша 241,5 млн. сомонӣ ворид карда шуд.

Ба қисми даромади буҷети шаҳри Душанбе маблағи 592,0 млн. сомонӣ ворид гардида, нақшаи аниқшуда 117,4 фоиз иҷро гардид, ки нисбати соли 2009-ум 28,6 фоиз зиёд мебошад.

 Лозим ба зикр аст, ки иҷрои нақшаи солонаи контингенти умумии даромадҳо 6 декабр ва қисми даромади буҷети шаҳри Душанбе 9 ноябри соли 2010 таъмин гардиданд.

Шумораи умумии ҷиноятҳои бақайдгирифташуда дар қаламрави шаҳр соли ҳисоботӣ 3202 ададро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба соли 2009-ум 10,4 фоиз кам мебошад. 

Бояд қайд намуд, ки шумораи кушодашавии ҷиноятҳо нисбат ба соли гузашта афзун гаштааст. Кушодашавии ҷиноятҳо дар соли ҳисоботӣ 82,3%-ро ташкил медиҳад, ки нисбати соли 2009 –ум  2,3% зиёд мебошад.

Фаъолияти муштараки анҷомдодаи сохторҳои шаҳрӣ бо мақомоти ҳифзи ҳукуқ, пеш аз ҳама тарҳрезиву амалисозии корҳои тарбиявӣ, таблиғотӣ ва профилактикӣ имкон доданд, ки ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон коҳиш ёбад. Ҷиноятҳои  аз ҷониби ноболиғон содиршуда дар соли ҳисоботӣ 173 ададро ташкил медиҳад, ки ин шумора нисбат ба соли 2009-ум 47 адад кам мебошад. Қайд кардан ба маврид аст, ки гарчанде ин ҷиноятҳо дар шаҳри Душанбе содир шуда бошанд ҳам, на ҳама  ҷинояткорони ноболиғ сокини шаҳри Душанбе мебошанд. Аз 173 адад ҷинояти содиркардаи ноболиғон 50 адади онро ноболиғони дигар манотиқи кишвар дар шаҳри Душанбе содир кардаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби сокинони шаҳр 6793 муроҷиат, аз он ҷумла: 3140 муроҷиати хаттӣ, 1090 муроҷиат ба воситаи почтаи электронии Раиси шаҳр ва 1840 муроҷиат тариқи телефони боварӣ ворид ва 723 нафар шаҳрванд аз тарафи роҳбарияти шаҳр қабул гардиданд, ки дар маҷмӯъ нисбати соли 2009  1055 муроҷиат кам гардидааст.

 Бояд зикр намуд, ки баррасӣ ва назорати сад дар сади тамоми муроҷиати шаҳрвандон ба воситаи почтаи электронӣ ва беш аз чилу панҷ дарсади қабули шаҳрвандонро Раиси шаҳр амалӣ намудааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки 1753 муроҷиати хатии шаҳрвандон ва ё 55,8% аз шумораи муроҷиатҳои хаттии шаҳрвандон ба масъалаи таъмини манзил ва ҷудо кардани замин барои сохтмон вобаста аст, ки 1706 муроҷиат нисбати соли 2009  (3459 муроҷиат) кам мебошад.

                 Инчунин таъкид гардид, ки бо мақсади истиқболи сазовори 20-солагии истиқлолият мутобиқ ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 553 аз 31 октябри соли 2008 «Дар бораи омодагӣ ба ҷашни 20-солагии истиқлолияти   давлатии  Ҷумҳурии   Тоҷикистон» аз 20 марти соли 2009 то 6 сентябри соли 2011 дар шаҳр маъракаи 900-рӯзи ободонӣ эълон гардидааст, ки тибқи нақшаи чорабиниҳо корҳои омодагӣ ба пуррагӣ идома доранд ва ба ин муносибат беш аз 200 иншооти таъиноти гуногундошта, аз ҳисоби сохторҳои марбутаи шаҳрӣ бо ҷалби потенсиали соҳибкорӣ ба истифода дода мешаванд.

Дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев нисбати фаъолияти анҷомдодаи тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳрӣ, аҳли ҷамоатчигӣ ва сектори соҳибкории шаҳр оид ба ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар роҳи иҷрои  вазифаҳои таъинотӣ ва барномаҳои шаҳрдорӣ аз номи роҳбарияти шаҳр изҳори сипос намуда, аз ҳар кадомашон даъват ба миён овард, ки потенсиали мавҷударо баҳри комёб шудан ба дастовардҳои нави меҳнатӣ баҳри ободонии пойтахт равона созанд.

Дар ин замин таваҷҷӯҳи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва аҳли ҷамоатчигиро ба иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 692 аз 31 декабри соли 2010 “Дар бораи татбиқи чораҳо оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти  шаҳрвандон, ба низом даровардани низоми шиносномавию будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони хориҷӣ дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе ”, ки амалиёти густурда  аз 15 январ то 15 феврали соли 2011 дар шаҳр анҷом дода мешаванд ва фаъолияти он аз ҷониби ситоди шаҳрӣ ҳамоҳанг карда мешавад, нигаронида, мутаносибан бо ироаи дастур даъват ба миён овард, ки  нисбати иҷрои ин амалкард бо ҳусни тафоҳум муносибат намоянд.

Дар робита ба ислоҳи камбудиҳои фаъолияти сохторҳои зертобеи соҳавии дар ҷамъбаст таъкидгардида аз раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» Абдулло Ёров даъват ба миён оварда шуд, ки тадбирҳои таъхинопазир андешад, вагарна ҳолати мавҷудаи фаъолияти онҳо таҳаммулнопазир мебошад. Бо ин мақсад аз прокуратураи шаҳр хоҳиш карда шуд, ки ҳолати барқистифодабарии субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар муштаришиёни қаламрави шаҳрро мавриди санҷиш қарор дода, воқеияти 19% талафоти барқи интиқолшавандаро дар шаҳр дақиқ созанд.

Новобаста аз дастовардҳои нишондодӣ дар иҷрои барзиёди нақшаҳои андоз ва буҷети шаҳр, бинобар сабаби комилан ба иҷро нарасонидани ҷамъоварии бақияпулиҳои андозӣ ба сардори Раёсати  андози шаҳри Душанбе Б. Лақаев ҷиҳати рафъи камбудиҳои мавҷуда то 1 апрели соли 2011 мӯҳлат муқаррар карда шуд.

Ҳамзамон бобати тақвияти корҳо оид ба татбиқи “Лоиҳаҳои обтаъминкунии шаҳри Душанбе”, ки аз ҳисоби маблағҳои қарзии Бонки Умумиҷаҳонӣ ва Бонки Исломии Рушд барои азнавсозии қисми шабакаҳо ва таҷҳизоту иншоотҳои системаи обтаъминкунии шаҳр равона шудаанд, ба роҳбарони Лоиҳаҳо З. Нозимов ва М. Хушвахтов,  бобати андешидани чораҳо оид ба ғановати бозори истеъмолии шаҳр ба директори КВД “Савдо ва бозорҳои шаҳр Душанбе” А. Ризоев, ҷиҳати беҳбудбахшии вазъи экологии шаҳр ба сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе А. Ҷӯраев то 1 апрели соли 2011 мӯҳлат муқаррар намуда, таъкид сохт, ки минбаъд лоиҳаҳои дегхонаҳои локалии боангишит фаъолияташон пешбинишаванда баҳри эмин доштани фазои экологии шаҳр аз ғализшавӣ баррасӣ карда нашаванд.

Барои густариши корҳои сохтмонӣ ва ободонӣ дар шаҳр ба сардори Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе С. Анваров  ва сардори Сарраёсати ободонии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе С. Бобоев то 1 июли соли 2011 мӯҳлат дода шуд.