Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
15 September 2017

 Дар бораи баргузор намудани тендер

 

Бо мақсади интихоби пудратчии иҷрои корҳои азнавсозии истгоҳҳои нақлиёти мусофирбарии мавҷуда бо ороиши замонавӣ дар хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Айнӣ ва Аҳмади Дониш, бо инобати протоколи ҷаласаи Воҳиди хариди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе №94 аз 30 августи соли 2017, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 14 ва 25 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 12-14 ва 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ»

                                                                                       

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

1.   Протоколи ҷаласаи Воҳиди хариди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз 30 августи соли 2017, №94 ва ҳайати комиссияи тендерӣ оид ба интихоби пудратчӣ тибқи замимаи №1 тасдиқ карда шавад.

2.   Комиссияи тендерии аз тарафи Воҳиди хариди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе пешниҳодшуда дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои интихоби пудратчии иҷрои корҳои азнавсозии истгоҳҳои нақлиёти мусофирбарии мавҷуда бо ороиши замонавӣ дар хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Айнӣ ва Аҳмади Дониш мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳуҷҷатҳои заруриро барои гузаронидани тендер омода намуда, эълон, баргузорӣ ва ҷамъбасти тендерро бо иштироки номаҳдуди довталабон таъмин намояд.

3.   Раёстаи иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намояд.

4.   Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М.М. гузошта шавад.

 

 

                                                            Рустами Эмомалӣ