Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
20 Сентябрь 2017

 ш.Душанбе, 19.09.2017, Имрӯз ба муносибати 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои раҳнамунсози Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат боз як қатор иншооти нави замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Дар ин робита бо иштироки  Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пули роҳи оҳан ва автомобилгарди воқеъ дар бурриши кӯчаи Моёншо Назаршоев ва Аҳмади Дониши ноҳияи Шоҳмансур пас аз азнавсозӣ  ба таври расмӣ ифтитоҳ  гардид.

Пули роҳи оҳан ва автомобилгард дар роҳи ободу зебо гардонидани пойтахти мамлакат шахри Душанбе аз ҷониби КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» азнавсозӣ ва таъмиру тармим гардидааст.

Тарҳи наву лоиҳаи азнавсозии пули роҳи оҳан аз ҷониби ҶДММ «Кул-дизайн» ва ҶДММ «Инвест лоиҳа» таҳия гардида, корҳои сохтмонӣ ва васлу насби қисматҳои он аз ҷониби ҶДММ «Строймет» ва ҶДММ «Машҳад Коло» анҷом дода шудаанд. Маблағи умумии лоиҳа  беш аз як миллиону чорсад ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Дар ҷараёни боздид аз ин иншоот Раиси шаҳри Душанбе таваҷҷуҳи масъулинро ба боз ҳам ободу зебо гардонидани пойтахт ва ба меъёрҳои ҷаҳонии шаҳрсозӣ расондани он ҷалб намуд.

Тибқи лоиҳаи азнавсозии пули мазкур, ду ҷониби роҳ бо панҷараҳои мунаққаш панҷарабандӣ гардидааст.  

Тамоми қисмҳои ороишии пул бо чароғакҳо зиннат дода шудаанд, ки шабона ба он намуди басе зебову дилоро зам менамояд. Қисмати поёнии пул бошад, таъмиру тармим гардида тамоми аломатҳои бетонии он бо маводҳои ороишии сатҳӣ рупӯш карда шудааст.

Бо навсозӣ гардидани пули роҳи оҳан ва автомобилгард ин мавзеъ чароғон гардида, роҳҳои пиёдагарди ду ҷониби кӯчаи Аҳамди Дониш,   бозсозӣ ва барои равуоӣ сокинон мувофиқ гардонда шудааст.

Бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ гулгашти назди Истгоҳи Роҳи оҳан то маҷмааи меъмории муҷассамаи Садриддин Айнӣ, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Гулгашти мазкур аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» пурра азнавсозӣ гардида, он дар масоҳати наздики 14 ҳазор метри мураббаъ доман паҳн кардааст.

Лоиҳаи азнавсоии гулгашт аз ҷониби ҶДММ «Голддизайн студио» омода гашта, корҳои сохтмониро ҶДММ «Озодӣ-Ка» ба анҷом расонидааст. Маблағи умумии лоиҳа 7,8 миллон сомониро дар бар мегирад.

Зимни шиносоӣ бо иншооти истироҳатӣ ва фарҳангию фароғатӣ   Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба сифати корҳои анҷом дода шуда, баҳои баланд доданд.

Масъулин иттилоъ доданд, ки дар доираи корҳои азнавсозӣ, гулгашти мазкур комилан бозсозӣ шуда, дар ҳудуди он иншооти гуногуни хизматрасонӣ, истироҳатӣ ва фарҳангию фароғатӣ бунёд ёфтаанд. Аз ҷумла, дар маркази гулгашт як иншооти истироҳатӣ ва фарҳангию фароғатии муҷаҳҳаз бо тамоми шароит, майдончаи тафреҳӣ ва иншооти хизматрасонии санитарию ороишӣ   бунёд шудааст.

Дар ҳудуди гулгашт фавораҳои ҳаракаткунандаи мусиқавӣ бо таҷҳизоти равшанидиҳанда сохта шудаанд. 4 фаввора, ки қаблан дар ҳолат ногувор қарор доштанд, таҷдид ёфта, пурра аз сангҳои мармар ва хоро дар масоҳати 1350 метри мураббаъ ороиш дода шудаанд. Худи фавораҳои гулгашт бо чароғакҳои рангин насбу васл шуда, тавассути барномаи махсус идора карда мешаванд.

Бо таваҷҷуҳ ба маълумоти бунёдкорон Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  масъулинро вазифадор намуданд, ки ба сокинони пойтахт баҳри фароҳам овардани зиндагии шоиста аз тамоми имконияту захираҳо пурсамар истифода  намоянд.

Дар ҳудуди гулгашт дар масоҳати 6 ҳазору 780 метри мураббаъ роҳравҳо бунёд ва сангфарш гардида, майдони беш аз 6 ҳазор метри мураббаъ ба сабзазор табдил дода шудааст.

Инчунин 233 ниҳоли дарахтони ороишию сояафкан ҳусни онро боз ҳам дилработар мегардонанд. Низоми мукаммали муосири обёрӣ бо 600 адад обпошакҳо, ки дар ин мавзеъ фароҳам оварда шудааст, баҳри ҳамеша сабзу хуррам нигоҳ доштани чаманзорҳои гулгашт мусоид хоҳад буд.

Тамоми ҳудуди гулгашт, роҳрав ва тимсолҳои ороишии гулгашт бо истифода аз 480 сутунчароғ ва чароғакҳои гуногуни ороишӣ чароғон гардидааст.

Дар боғи мазкур барои 650 нафар ҷойи нишаст омода гашта, 40 баландгӯяк, ки бо хати радиоӣ пайваст мебошанд, ба истироҳаткунандагон хизмат мерасонанд.

Гулгашти мазкур аз пасманзари муҷассамаи Садриддин Айнӣ то бурриши кӯчаи Моёншо Назаршоев бо Хиёбони Рӯдакӣ дар масофаи 400 метр тӯл мекашад ва аз ду ҷониби бо панҷараҳои мунаққаши гулдор оро дода шудаанд.