Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
20 Сентябрь 2017

  ш.Душанбе, 20.09.2017,  “Тоҷикистон – кишвари пешоҳангу ташаббускор оид ба татбиқи сиёсати байналмилалии об” таҳти ҳамин мавзӯъ имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва бо дастгирии Ҳукумати кишвар дар бинои Муассисаи давлатии “Душанбе-Плаза” Конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

Дар кори Конференсия намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, олии касбӣ, масъулини сохторҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, инчунин намояндагони васоити ахбори омма ширкат варзиданд.
Нахуст муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода Маҳмадсаид бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, ҳозиринро аз номи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хайрамақдам гуфта, изҳор доштанд, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эътироф гардидани боз як ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон оид ба об боиси нуфузи кишвари мо дар ҷаҳони муосир гардида, ҳамзамон аз ҷойгоҳи шоиста ва мавқеи сиёсии кишвар дар арсаи олам далолат мекунад, ки боиси ифтихори ҳар як фарди кишвар буда, Тоҷикистонро ҳамчун ташаббускори ҷаҳонии эътирофшудаи масоили глобалии об муаррифӣ мекунад.
Дар рафти Конференсия аз ҷониби олимону коршиносон ва мутахассисони соҳаҳои мухталиф дар мавзӯоти роҷеъ ба масъалаҳои об, аз ҷумла, “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди ташаббусҳои глобалӣ дар соҳаи об”,  "Нақши об дар рушди устувори кишоварзӣ”, “Пешвои миллат хамчун ташаббускори ҳалли масоили об дар сатҳи байналмилалӣ”, “Сайёҳӣ муаррифгари захираҳои обии Тоҷикистон”, “Захираҳои об ҳамчун асоси зиндагии инсон ва рушди устувори иқтисодиёт”, “Истифодаи оқилонаи захираҳои обии дарёҳои сарҳадгузар”, “Нақши об дар рушди тафаккур ва беҳдошти муносибатҳои иҷтимоӣ”, “Тоҷикистон кишвари ташаббускори дипломатии об” ва ба ин монанд маърӯзаҳои илмӣ пешниҳод шуданд.
Аз ҷониби маърӯзачиён зикр гардид, ки Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ аз лиҳози захираҳои обӣ бойтарин кишвар буда, ҳар сол дар қаламрави кишвар 64 миллиард метри мукааб об ташаккул меёбад, ки ин тақрибан 60 фоизи ҳаҷми оби дарёҳои минтақаро ташкил медиҳад.
Таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ, рушди соҳаи энергетика самтҳои афзалиятноки ҳукумати кишвар маҳсуб ёфта, пайваста баҳри беҳсозии таъмини аҳолӣ бо об, дастрасии комил ба нерӯи барқ ва боз ҳам боло бурдани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд.
Ҳадафи баргузории конференсияро масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд тарғиб намудани сиёсат ва ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи об, оқилона ҳифз намудани захираҳои обӣ дар шароити гармшавии иқлим, ҷалби таваҷчуҳи ҷомеа ба ҳифзи захираҳои оби ошомиданӣ, вусъат бахшидани ҳамкорӣ дар ҳама сатҳҳо ҷиҳати татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор", солҳои 2018-2028 маънидод намуданд.
22 декабри соли 2016 бо ҷонибдории беш аз 190 давлати ҷаҳон аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Қатънома доир ба «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» қабул гардид, ки он ба ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бастагӣ дорад.
Маротибаи чорум пазируфта шудани пешниҳодоти ҷониби Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об дар сатҳи байналмилалӣ аз эҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ ба миллати тоҷик дарак медиҳад ва ин ташаббусу иқдомот масъулияти мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ дучанд менамояд.
Дар фарҷоми Конференсия миёни маърӯзачиён ва иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифт.